Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Рақобати 22 ҳизб барои курсиҳои Думаи давлатии Русия

Рақобати 22 ҳизб барои курсиҳои Думаи давлатии Русия

15-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Рақобати 22 ҳизб барои курсиҳои Думаи давлатии РусияКомиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Русия ба қабули ҳуҷҷатҳои аҳзоби сиёсии ин кишвар, ки рӯйхати номзадҳояшонро ба интихоботи моҳи сентябри Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд, хотима бахшид.

Аз 24 ҳизби сиёсии Русия 22-тои он барои иштирок дар интихобот ҳуҷҷат супоридаанд. Ҳизби ислоҳоти иҷтимоии Русия баъди муайян шудани баъзе аз норасоиҳо аз идомаи рақобат барои дарёфти курсӣ дар палатаи поёнии порлумони ин кишвар даст кашидааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Аз 21 ҳизб 14 тоашон метавонанд бидуни ҷамъоварии имзои раъйдиҳандагон ба ҷонибдории худ дар интихобот иштирок намоянд. Баъзеи ин ҳизбҳо, аз ҷумла "ҲЛДР, "Русияи боадолат", Ҳизби коммунистӣ ва Ҳизби "Русияи воҳид" дар порлумони амалкунанда намоянда дошта, баъзеи дигар, аз қабили Ҳизби "Яблоко", Ҳизби "ПАРНАС" ва Ҳизби "Партия роста" ғайрипорлумонианд.

Бар пояи қонунгузории Русия, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар бояд баъди ҳафт рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо рӯйхати номзадҳои аҳзоби сиёсиро тасдиқ кунад.

Ба фарқ аз интихоботи солҳои пешин, ин бор Думаи давлатии Русия қисман аз ҳисоби рӯйхати ҳизбию ҳавзаҳои якмандатӣ ташкил хоҳад шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: