DataLife Engine > Точикистон, Иктисодиёт > Дар Душанбе хатсайри нави мусофирбари №33 ба роҳ монда мешавад

Дар Душанбе хатсайри нави мусофирбари №33 ба роҳ монда мешавад


20-01-2020, 10:10. Разместил: orifi Дар Душанбе хатсайри нави мусофирбари №33 ба роҳ монда мешавад
Дар шаҳри Душанбе аз 24-уми январ хатсайри нави мусофирбари №33 (Фурудгоҳи кӯҳна – маҷмааи савдои «Кӯшониён» ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар хатсайри нав ба сокинону меҳмонони пойтахт автобусҳои муосири тамғаи «АКИА» тавассути хиёбону кӯчаҳои Мирзо Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Дӯстии халқҳо, Мирзо Турсунзода, Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ хизмат мерасонанд.

Бояд гуфт, ки микроавтобусҳои хатсайри №33 бо роҳи пешина равуо хоҳанд кард.


Вернуться назад