Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Қасри Сафед қарордоди Конгрессро доир ба Эрон шарҳ доданд

Дар Қасри Сафед қарордоди Конгрессро доир ба Эрон шарҳ доданд

10-01-2020, 10:13
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
Дар Қасри Сафед қарордоди Конгрессро доир ба Эрон шарҳ доданд
Қарордоди Палатаи намояндагони Конгресс дар бораи маҳдуд намудани ҳуқуқи президенти ИМА Доналд Трамп дар масъалаи истифодаи қувва бар зидди Эрон қобилияти муқовимат карданро ба «амалиёти террористӣ» аз ҷониби Теҳрон заиф менамояд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар изҳороти шоми панҷшанбе интишорнамудаи муовини котиби матбуотии Қасри Сафед Хоган Гидли гуфта шудааст.

«Президент ҳуқуқ дорад ва уҳдадор аст, ки мамлакат ва шаҳрвандонро аз терроризм муҳофизат намояд. Ин амалест, ки ӯ идома медиҳад ва ҷаҳон амнтар мешавад, — омадааст дар матн. Қарордод ба он равона шудааст, ки қобилияти қувваҳои мусаллаҳи ИМА-ро дар бобати пешгирии фаъолияти террористии Эрон ва неруҳое, ки вайро дастгирӣ менамоянд, заиф гардонад, ин кӯшиши халал расондан ба президент дар мавриди ҳифзи кишвар ва манфиатҳои он дар минтақа аз хатарҳои мавҷуда мебошад. Чунин амали Конгресс комилан хатост»

Дар Қасри Сафед ин санадро як «иқдоми навбатии сиёсӣ» номиданд. «Қарори президент оид ба задани зарба ба Қосим Сулаймонӣ дуруст буд ва бар уҳдадориҳои конститутсионии (ҳокими Қасри Сафед) ӯ ҳамчун сарфармондеҳ ва роҳбари шохаи иҷроияи ҳокимият, ҳамчунин бо иҷозатнома ба истифодаи неру аз соли 2020 асос ёфтааст»,- гуфта шудааст дар матн.

Палатаи намояндагони Конгресс рӯзи панҷшанбе қарордодеро, ки уҳдадориҳои Трампро дар масъалаи истифодаи қувваҳои мусаллаҳ бар зидди Эрон бе иҷозат аз ҷониби қонунбаророн маҳдуд месозад, маъқул шуморид. Ин ташаббусро 224 аъзои Конгресс дастгирӣ намуда, 194 қонунбарор зид баромаданд. Дар ин зимн санадро 3 нафар ҷумҳурихоҳон дастгирӣ намуданд ва 8 нафар демократ рад карданд.

Вазъият дар атрофи Эрон баъд аз зарбаи ИМА дар наздикии фурудгоҳи Бағдод шаби 3 январ, ки дар натиҷаи он сарфармондеҳи неруҳои таъйиноти махсуси «Ал-Қудс»- Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон (қисмҳои баргузидаи Қувваҳои ҳарбии Эрон) генерал Қосим Сулаймонӣ ҳалок гардид, якбора тезу тунд гашт. Дар ҷавоб Теҳрон шаби 8 январ ба 2 иншоот дар Ироқ, ки ҳарбиёни амрикоӣ аз онҳо истифода мебурданд — пойгоҳи Айн-ал-Асад ва фурудгоҳи шаҳри Эрбил зарба зад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: