Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБӢ ВАКИЛИ МАРДУМӢ ПЕШБАРӢ ГАРДИД

ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБӢ ВАКИЛИ МАРДУМӢ ПЕШБАРӢ ГАРДИД

9-01-2020, 13:15
Хабарро хонданд: 289 нафар
Назарҳо: 0
ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБӢ ВАКИЛИ МАРДУМӢ ПЕШБАРӢ ГАРДИД
Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо иштироки намояндаи КИМ ҲХДТ сармуҳаррири нашрияи ҷумҳуриявии ҳизбии “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон, раиси Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Абдураҳмони Ҷомӣ №28” Сафарбек Наҷмиддинов ва вакилони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои мазкур Конференсияи якҷояи ташкилотҳои ибтидоӣ аз рӯи як масъала, пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимнан роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, Бахтиёр Ҳамдамов суханронӣ намуда, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии “Абдураҳмони Ҷомӣ №28”, Ашӯрзода Гулбаҳорро ба ҳамагон муаррифӣ намуд.

Сипас, тибқи рӯзномаи Конференсия, тавассути овоздиҳии пинҳонӣ вакилони Конференсия номзадии Ашӯрзода Гулбаҳор Сангиллоро ҷонибдорӣ намуда, ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: