Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Пешбарии номзадҳои арзанда идома дорад

Пешбарии номзадҳои арзанда идома дорад

10-01-2020, 15:08
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
Пешбарии номзадҳои арзанда идома дорад

Пешбарии номзадҳо аз миёни шахсиятҳои арзанда барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дорад.
Ҷайҳун
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ба ҳайси номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ пешбарӣ шуд.
Номзадии Г. Шарофзодаро барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷайҳун №33 дар як ҷаласаи васеи аъзо ва ҷонидорони ҳизб пешбарӣ гардид.
Гавҳар Шарофзода 54 – сола буда, зодаи вилояти Хатлон мебошад. Номбурда соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгор хатм намуда, доктори илмҳои филологӣ, дотсент мебошад.
Шарофзода аз соли 2013 роҳбарии Кумитаи забон ва ислоҳоти Тоҷикистонро бар уҳда дорад.
Б. Ғафуров
Инчунин, дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров конференсияи 29-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Матлубахон Амонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Бобоҷон Ғафуров №14 Мирзозода Мавлуда Зайниро муаррифӣ намуд. Дар кори конференсия 274 нафар вакил иштирок намуда, аз ин шумора 269 нафар ба тарафдории номзад Мирзозода Мавлуда Зайнӣ овоз доданд. Ҳамагӣ 5 бюллетен беътибор дониста шуд. Дар фарҷоми кори конфронс номзади ҲХДТ Мирзозода Мавлуда Зайнӣ барои эътимод сипосмандӣ намуд.
Дар конференсия 274 нафар вакил иштирок намуда, аз ин шумора 269 нафар ба тарафдории номзад Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ овоз доданд. Ҳамагӣ 5 бюллетен беътибор дониста шуд.
Ҳамзамон, дар ҳавзаи интихоботии Ӯрунхӯҷаев №15 зимни конференсияи ҳизбӣ номзадии Абдуллоева Моҳира Мансурҷоновна пешбарӣ гардида, вакилон дастгирӣ карданд.
Айнӣ
Дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали ноҳияи Айнӣ бо иштироки 283 нафар вакилон аз ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент конференсияи муштараки ташкилотҳои ҳизбии ин шаҳру навоҳӣ баргузор гардид.
Дар он Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон, раисони кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Айнӣ №22 оид ба интихоботи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Баҳриддинов, аъзои ситоди пешазинтихоботӣ ва дигарон иштирок карданд.
Ҳавзаи Айнӣ №22, ноҳияҳои Айниву Кӯҳистони Мастчоҳ ва се ҷамоат Вору, Лоиқ Шералӣ ва Рӯдакии шаҳри Панҷакентро дар бар мегирад.
Дар конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Айнӣ №22 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳобро номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон муаррифӣ намуд.
Номбурда таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шахсони соҳибэҳтибору бохиради ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳангоми пешбарӣ ба Маҷлиси намояндагон ва дигар маҷлисҳои маҳаллӣ ба чунин ашхос афзалият медиҳад.
Тариқи овоздиҳии пинҳонӣ вакилон аз номзадии Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳобро ҷонибдорӣ карданд.
Панҷакент
Дар идомаи конференсияи 20-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, ки 7 январи соли равон дар Кохи Лоиқи шаҳр бо иштироки 249 вакилон, намояндаи Ҳукумати мамлакат, Президенти АИ Фарҳод Раҳимӣ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода баргузор шуд, масъалаи пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент 21 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо пешниҳоди Кумитаи марказии ҲХДТ ва розигии Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилон ҷаласа муовини раиси шаҳри Панҷакент Шодизода Парвиз Шодибойро номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент 21, пешбарӣ намуданд.
Президенти АИ Ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ ҳозиринро бо фаъолияти меҳнатии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон шинос намуд. Вакилон дар бораи хислатҳои умдаи номзади пешниҳодшуда, ки дастпарвари ҲХДТ аст, сухан карданд. Бо овоздиҳии пӯшида вакилони конференсия якдилона номзадии мавсуфро ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат тасдиқ намуданд.
Ҷ. Расулов
Ҳавзаи интихоботии №16, овоздиҳандагони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Зафарободро дар бар мегирад. Зимни конференсия дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов номзадии Акрамзода Баҳодур Исмоил, ки айни замон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дубора пешбарӣ гардид ва аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёфт.
Шаҳринав
Конференсияи якҷояи ташкилотҳои ҳизбии ноҳияи Шаҳринав ва маҳалҳое аз шаҳри Ҳисору Турсунзода баргузор шуд ва масъалаи ҷиҳати пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кард.
Дар ин ҷаласаи якҷоя роҳбари Дастгоҳи иҷроияи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон ҳонов иштирок ва суханронӣ кард. Дар кори конференсия 85 вакил аз ноҳияи Шаҳринав,12 вакил азТурсунзода ва 20 вакил аз шаҳри Ҳисор, ҷамъ 117 нафар иштирок намуданд.
Ба ин тартиб, аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шаҳринав№6 Баротзода Файзулло ҳамчун номзад ба вакили Парлумони кишвар пешниҳод ва интихоб шуд.
Мастчоҳ
9 январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи литсейи касбӣ-саноатии ноҳияи Мастчоҳ Конференсияи якҷояи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, шаҳрҳои Истиқлол, Гулистон баргузор гардид, ки аз 200 вакил 191 нафар иштирок доштанд, бо сабабҳои узрнок 9 нафар иштирок накарданд. Дар кори Конференсия раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, раисони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён М., раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Ниёзов М. ва раиси ҳавзаи интихоботии якмандатаи Мастчоҳ №18 Сафаров Абдураҳмон, аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, гурӯҳҳои таблиғотӣ, гурӯҳҳои мобилӣ, аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва ВАО иштирок доштанд.
Дар Конференсия як масъала - пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи якмандатаи Мастчоҳ №18 аз ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар Конференсия номзадии Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод ва аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёфт.
Дар Конференсия ба тарафдории номзад 189 нафар овоз доданд. Як бюллетен беэътибор дониста шуда, як нафар зид овоз додааст.

Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: