Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » КОНФЕРЕНСИЯИ ЯКҶОЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРҲОИ БОХТАР ЛЕВАКАНД ВА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН ДОИР ШУД

КОНФЕРЕНСИЯИ ЯКҶОЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРҲОИ БОХТАР ЛЕВАКАНД ВА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН ДОИР ШУД

10-01-2020, 10:06
Хабарро хонданд: 211 нафар
Назарҳо: 0
КОНФЕРЕНСИЯИ ЯКҶОЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРҲОИ БОХТАР ЛЕВАКАНД ВА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН ДОИР ШУД
Дар Кохи Ватани шаҳри Бохтар Конференсияи якҷояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Бохтар, Леваканд ва ноҳияи Кӯшониён доир гардид. Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Абудназарзода Шоиста, раисони КИ ҲХДТ дар шаҳри Леваканд ва ноҳияи Кӯшониён Ватанзода С., Абудсаломзода М., намояндагони комиссияи ҳавзаи интихоботии Бохтар №26, вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд. Рӯзномаи маҷлис аз як масъала “Пешбарии номзади ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Бохтар №26” муҳокима карда шуд. Баъди тасдиқи ҳайати котибот, ҳайати комиссияи баҳисобгирии овозҳоинтихоб гардид. Азҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Н. номзадии узви ҲХДТ Шарипов Саидбурҳон Ғазоевич ба вакилии Маҷлиси намояндагони Малҷиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Бохтар №26 пешбарӣ гардид.
Шарифов Саидбурҳон Ғазоевич 2-октябри соли 1977 дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 2000 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм мекунад. Фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи омӯзгор оғоз намуда, то имрӯз дар вазифаҳои мухталифи пурмасъул ифои вазифа намуда, ҳоло ба ҳайси директори Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар фаъолият доранд.
Дар кори конфересияи вакилон Ашуров Орзу – аз шаҳри Леваканд, Абдусаломзода Мунавара – аз ноҳияи Кушониён, Насруллоева Шаҳло – аз шаҳри Бохтар ба сухан баромада, пешниҳодро дар бораи номзадии Шарифов Саидбурҳон Ғазоевич ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда, ба Шарифов С. барои ғолиб омадан дар интихоботи дар пешнистода музаффарият таманно намуданд.
Сипас, овоздиҳии пинҳонӣ доир гардида, тибқи ҳисоботи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо Шарифов Саидбурҳон Ғазоевич бо гирифтани аксари овозҳои вакилони Конференсияи якҷояги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Бохтар, Леваканд ва ноҳияи Кӯшониёнро ба даст оварда, ҳамчун номзад аз Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намоянагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи Бохтар №26 пешбарӣ карда шуд.
Дар идома, Дилафрӯзи Абдулло – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба сухан баромада, номзади пешбаришударо барои сазовор гардиданаш ба боварии вакилон табрик гуфта, иброз дошт, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кадрҳои ҷавону пуртаҷриба ва меҳнатдӯстро датсгирӣ намуда, барои вазифаҳои пурмасъули давлатӣ таъин менамоянд. Мо аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро лозим аст, ки барои ба таври шаффофу демократӣ баргузор шудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ саҳми худро гузорем.
Дар охир, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло аз номи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Шарифов С.-ро табрику таҳният гуфта, иброз дошт, интихобот ҳамчун ифодаи олии ҳокимияти халқ, раванди муҳими сиёсиест, ки аз натиҷаҳои он пешрафти рушди минбаъдаи давлати мо сахт вобаста аст. Бинобар ин, моро лозим аст, ки барномаи ҲХДТ ва номзадҳои онро дар маҳал тарғибу ташвиқ намоем ҷиҳати ба даст овардани райъи бештари интихобкунандагон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода барем. Заминаҳои мустаҳками робита бо ҷомеаро дошта бошем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: