Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИМА ва Эрон рақобат ё қасос?!

ИМА ва Эрон рақобат ё қасос?!

9-01-2020, 15:34
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
Тақриб    ИМА ва Эрон  рақобат ё қасос?!ан бист сарбози америкоӣ бар асари зарбаи мушакӣ ба ду пойгоҳи низомӣ дар Ироқ, ки ИМА истифода мекунад, қурбон шудаанд. Ҳамлаҳо ба пойгоҳи Айн ал-Асад ва фурудгоҳи Эрбил зада шуданд. Тавре «Press TV» хабар медиҳад, Теҳрон масъулияти ҳамлаи мушакиро бар дӯш гирифтааст.
Хотирнишон месозем, ки шоми 8 январ Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (қӯшунҳои баргузида ва хоссаи қувваҳои мусаллаҳи Эрон) ба ду иншооти ИМА дар Ироқ ҳамлавар шуданд. Дар вақти ҳуҷум мушакҳои баллистикӣ ва болдор истифода шуданд.
Кушташудани генерал ва қасоси Эрон
«Ин амали ҷавобӣ ба куштори генерал Қосим Сулаймонӣ мебошад», — гуфтааст намояндаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (воҳидҳои баргузидаи қувваҳои мусаллаҳи Эрон).
Ёдовар мешавем, ки шаби 3 январ америкоиҳо дар наздикии фурудгоҳи Бағдод генерали эронӣ Қосим Сулаймониро куштанд. Теҳрон иброз дошт, ки 13 сенарияи қасосгирӣ аз ИМА-ро дорад. Дар посух президенти ИМА Доналд Трамп ваъда дод, ки ба 52 ҳадаф дар Эрон «зарбаи зуд ва сахт» мезанад.
Трамп-«Ҳамааш хуб аст», аммо Президент ҷаласаи фаврӣ баргузор кард
    ИМА ва Эрон  рақобат ё қасос?!

Тавре субҳи 8 январ ТАСС хабар дод, президенти ИМА Доналд Трамп ва вазирону ёварони калидии ӯ имрӯз дар робита ба ҳамлаи мушакии Эрон ба як қатор пойгоҳҳои низомӣ дар Ироқ ҷаласаи фаврӣ баргузор карданд. Ширкатҳои хабарии ИМА наворҳои ба Кохи Сафед омадани сардори Пентагон Марк Эспер ва котиби давлатии ИМА Майкл Помпеоро нишон доданд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои «RT», президент Трамп қабл аз мулоқот ҳамлаҳои мушакии Эронро ба пойгоҳҳои ИМА дар Ироқ ба таври мухтасар шарҳ дод. «Ҳамааш хуб аст», — навиштааст Трамп дар «Twitter». Айни ҳол маълумот дар бораи қурбониён ва осебдидагон дақиқ карда шуда, инчунин хисороти расонида ҳисоб карда мешавад. Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки «РИА Новости», бо такя ба гузориши CNN иттилоъ додааст: «Низомиёни ИМА дар ҳамла ба пойгоҳи Айн ал-Асад зарар надидаанд».
ИМА ҷавоби мувофиқ меҷуяд.
Ин ҳама дар ҳолест, ки Сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио гуфтааст: «Ба ман дар бораи ҳамлаҳои мустақими Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки аз қаламрави Эрон ба ду пойгоҳ дар Ироқ мушак партофта шуд ва дар он қувваҳои эътилоф ҷойгиранд, иттилоъ доданд. Барои муайян кардани ҷавоби мувофиқ арзёбии пурраи вазъият идома дорад», — навиштааст ӯ дар Твиттер.
Намояндаи Пентагон Ҷонатан Хоффман изҳор доштааст, ки зарба аз ҳудуди Эрон зада шудааст.
Дар чунин вазъ ТАСС хабар медиҳад, ки раёсати федералии авиатсияи (РФА) ИМА парвози ҳавопаймоҳои граждании Амрикоро дар фазои Ироқ, Эрон, халиҷҳои Форс ва Уммон манъ кард. Дар идома гуфта мешавад, тибқи итилои РФА, маҳдудиятҳо «дар робита ба афзоиши амалиёти ҳарбӣ ва ташаннуҷи вазъи сиёсӣ дар Шарқи Наздик, ки ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии граждании Амрико хатари эҳтимолӣ доранд» ҷорӣ шудаанд.
Хисорот ба иқтисодиёти ҷаҳон
Хабаргузории CNN аз болоравии якбораи қимати нафт, пас аз ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ хабар дод,
Қимати як бушка нафт аз $62.70 баъди тасдиқ гардидани хабари ҳамла аз чониби Пентагон, мақоми расмии Иёлоти Муттаҳида якбора ба $65.48 ё муодили 4% боло рафт.
Гуфта мешавад, ин аз камтарин таъсир ба бозори иқтисод пас аз шиддат гирифтани таниш байни Амрикову Эрон аст, ки метавонад паёмадхои бадтар аз инро низ ба бор оварад.
Суғдмеҳри Маъруфзод




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: