Пешбарии номзад8-01-2020, 11:13
Хабарро хонданд: 353 нафар
Назарҳо: 0
Масъулони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Гулбаҳор Назирӣ, узви Парламенти Тоҷикистонро аз нав ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии № 13 -и шаҳр пешбарӣ карданд.
Гулбаҳор Назирӣ, ки ҳоло узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, соли 2015 ба намояндагӣ аз ҲХДТ аз ҳамин ҳавза вакил шуда буд. Дар ҷаласае, ки 7 январбаргузор шуд, Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суѓд, Орифҷон Умаров, муовини раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 ва 195 вакилон, гурўҳҳои таблиѓотӣ ва чанде дигар аз масъулони ҳизб иштирок вадар бораи номзадибрози назар карданд.Аз ҷумла, зикр шуд, ки «Бо назардошти фаъолияти муваффақонаи Гулбаҳор Назирӣ дар ҳайати Маҷлиси намояндагон даъвати кунунӣ номзадии ў аз нав ба вакилӣ аз ҷониби ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд пешбарӣшуд». Дар ҷараёни кори ҷаласа бо овоздиҳии пинҳонӣ вакилон мавзеи худро нисбати номзадии Назирӣ Гулбаҳор Назир ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва аз ў ҷонибдорӣ намуданд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 21 нафари он аз рўи овоздиҳӣ ба феҳрасти ҳизбӣ ва боқимонда аз ҳисоби райдиҳӣ дар ҳавзаҳои якмандатии шаҳру ноҳияҳои кишвар интихоб мешаванд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.