Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паём ва интихобот дар меҳвари маҷлиси ҳизбиён

Паём ва интихобот дар меҳвари маҷлиси ҳизбиён

8-01-2020, 10:43
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Паём ва интихобот  дар меҳвари маҷлиси ҳизбиён
Дар Муассисаи давлатии Душанбе-Плаза Маҷҷлиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардид. Мутобиқи рӯзномаи маҷлис дар он масъалаҳои омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таъсиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва тасдиқи нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ – Раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе маърӯза намуда, зикр дошт, ки Паёми Пешвои миллат фарогири тамоми самтҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, дохиливу хориҷиро дар бар гирифта, баҳри рушди босуботи кишвар ва амалӣ намудани бандҳои он марҳилаи нави пешрафту шукуфоиро таъмин намуда, зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро дар роҳирушди минбаъдаи давлатдории навини миллиамон муҳайё месозад. Ҳамзамон, дар маърӯзаи маҷлис чанде аз фаъолони ҳизб оид ба аҳамияти арзишманди ин саҳнаи муҳими миллӣ нуктаҳои ҷолибро манзур карданд. Дар фарҷом аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Баъд аз анҷоми Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе нахустин Маҷлиси Ситоди пешазинтихоботӣ бо аъзои Ситод доир гардид.

Дар он, масъалаҳо оид ба тасдиқи сохтори пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тасдиқи нақшаи фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар давраи маъракаи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тақсимоти аъзои Ситод ва номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои фаъолияти таблиғотӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: