Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Байни Тоҷикистон ва Афғонистон роҳи оҳан бунёд мегардад

Байни Тоҷикистон ва Афғонистон роҳи оҳан бунёд мегардад

2-01-2020, 14:43
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Байни Тоҷикистон ва Афғонистон роҳи оҳан бунёд мегардад
Интизор меравад, ки дар оянда байни ду давлати ҳамҷавор – Тоҷикистон ва Афғонистон роҳи оҳан бунёд карда шавад. Дар ин росто, дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод)-Ҷайҳун-Панҷи Поён (Тоҷикистон)-Шерхон Бандар (Афғонистон) ба имзо расид. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои сарчашма, ба санади мазкур аз ҷониби Тоҷикистон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода ва аз ҷониби Афғонистон сардори идораи роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ямо Шамс имзо гузоштанд.

Санади мазкур дорои аҳамияти муҳими стратегӣ буда, барои татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хати роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, инчунин барои пайваст шудан бо роҳҳои оҳани минтақа ва баромадан ба бандарҳои обии Бандар Аббосу Чобаҳори Эрон ва Гвадари Покистон замина мегузорад.

Ҳамзамон татбиқи тарҳи мазкур барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани роҳҳои оҳан, ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон такон бахшида, ба кам шудани хароҷоти нақлиётии соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, тақвияти рушди содирот, афзоши ҳаҷми боркашонӣ бо Афғонистон ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди мамлакат бо назардошти кам кардани сарбории роҳ мусоидат менамояд.

Инчунин татбиқи тарҳи бунёди роҳи оҳан байни Тоҷикистон ва Афғонистон барои роҳ ёфтан ба бозори минтақа ва баромадан ба бандарҳои баҳрӣ замина эҷод менамояд, зеро то ҷое мусаллам аст, дар ҷануби Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Кӯлоб», «Панҷ» таъсис дода шудаанд. Инчунин корхонаҳои гуногуни коркарди маҳсулоти нафтӣ, истеҳсоли креолит ва семент фаъолият доранд, ки иқтидори истеҳсолии онҳо бо гардиши бор дар як сол 5 миллион тонна пешбинӣ шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Созишномаи мазкур дар ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ, ки моҳи июли соли 2019 дар Душанбе доир шуда буд, матраҳ гардида, ҷонибҳо барои ба имзо расонидани он ба мувофиқа расида буданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: