Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дастури роҳнамо

Дастури роҳнамо

4-02-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 349 нафар
Назарҳо: 0
Дастури роҳнамо- Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар даврае ироа шуд, ки вазъи сиёсии сайёра басо мураккабу печида аст. Абарқудратҳо дубора ба тақсимоти ҷаҳон даст задаанд. Терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Сарвари давлат дар ин хусус аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб намуд, ки дар санадҳои байналмилалӣ барои кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, муҷозот муқаррар карда шавад ва роҳбарони сиёсию ҳарбӣ, фондҳои бо ном хайрия, соҳибкорон ва ашхоси ба терроризм мусоидаткунанда бояд дар Суди байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гиранд, - изҳор дошт раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳисор Мирзомурод Шарифов.

Ба гуфтаи ӯ имрӯзҳо бо истифода аз қувваи фаъолони ҳизб ва ҷалби аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии КИ ҲХДТ дар ноҳия вохӯрию хонишҳои сиёсӣ оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда истодаанд. Дар ин вохӯриҳо шаҳрвандон ҷонибдории хешро аз сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, ба сафи ҳизб шомил мешаванд. Махсусан фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» (раисаш Назрӣ Асадзода), «Беморхонаи марказӣ» (Эмомалӣ Маҷидов), «Мактаби Президентии хонандагони болаёқат» (Шокирҷон Гадоиён) ва «Маркази саломатӣ» (Анвар Азимов) қайд кардан лозим аст. Танҳо дар се моҳи охир аз ҳисоби ташкилотҳои ибтидоии номбурда 800 нафар ба сафҳои ҲХДТ шомил шуданд.

Раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар идома бо ёдоварӣ аз нуктаҳои Паём афзуд, ки он дастури раҳнамо аст. Мо бояд барои ҷавонон шароити муносиб муҳайё сохта, онҳоро тарзе тарбия кунем, ки дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда дар ҷомеа соҳиби обрӯю эҳтиром шаванд.
©А. Ҷӯра
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: