Ҳизби қутбнамои ҷомеа12-12-2019, 13:16
Хабарро хонданд: 309 нафар
Назарҳо: 0
25 сол пеш ҳизбе рӯи саҳнаи сиёсӣ омад, ки дар як муддати кӯтоҳ бо муттаҳид кардани неруҳои созандаву ободкор мавзеи худро дар ҷомеа устувор ва барои пешрафти кишвар саҳмгузор шуд. Инҷо дар мавриди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонсухан меронем, ки акнун барномаҳояш ҳамчун қутбнамо ба мардум хидмат ва кишварро ба сӯи қуллаҳои нави рушд роҳнамоӣ мекунад.
Ҳизб мутобиқи барнома бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқӣ, ягона ва дунявиро аз ҳадафҳои умдаи хешқарор дода, дар як вақт эълон намудааст, ки ҷонибдори озодандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан ва матбуоти озод мебошад. ҲХДТ созандагиву бунёдкорӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатиро шиори худ қарор дода, чоряк аср боз баҳри амалӣ кардани ин маром, ки бо орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон пайванд мегирад, кӯшишу талош мекунад. Дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди таъсисёбии ин ҳизб ба маврид аст, ба таърихи таъсис ва фаъолияти ин даврони пурсамар назар андозем. Ҳизбро 22 нафар таъсис доданд Имрӯз мо, аксар дар бораи қариб ним миллион аъзо доштани ҲХДТ маълумоти кофӣ дорем. Аммо кам нафароне огоҳанд, ки ин созмони акнун бо нуфузу эътибори баланд дар гузашта аз сӯи як гурӯҳи ташаббускори 22 – нафара таъсис ёфтааст. ҲХДТ дар давраи сахту сарнавиштсоз бароимиллату кишварамон ба фаъолият оғоз карда, акнун баяк ҳизби созандаву замонавӣ, пешраву пешбари идеяҳои бузург табдил ёфта, ташаббускори иқдомҳои созанда ва посухгӯи ниёзҳои мардум гардид. Раиси муаззами ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Бист соли созанда», ки соли 2014 ба ифтихори гиромидошти солгарди таъсиси ҲХДТ нашр шудааст, бо ёдоварӣ аз заруратҳои таъсиси ҳизб нигоштаанд, ки «Ҳар гоҳе ба давлатҳои хориҷӣ сафар мекардам, аз чигунагии фазои сиёсии кишвар саволҳо медоданд ва вақте мегуфтам, ки дар кишвари мо бо сабаби ноамниҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ ба ғайр аз ҳизби коммунистӣ фаъолияти дигар ҳизбу ҳаракатҳо мамнӯъ эълон шудааст, ба мо бо як нобоварӣ нигоҳ ва муносибат мекарданд, Тоҷикистонро як давлати тоталитарие, ки нишонае аз демократия надорад, баҳогузорӣ менамуданд. Бинобар ин ба қароре омадам, ки барои пурра намудани фазои сиёсию идеологӣ ҳизби нав таъсис диҳем». Сарвари давлат бо мақсади амалӣ намудани ин нияти нек ба наздашон роҳбариҳамонвақтаи Дастгоҳи иҷроияи Президент С. Мирзошоев ва муовини аввали Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ А. Достиевро даъват карда, вазъиятро мефаҳмонанд ва онҳоро ба созмон додани Кумитаи муассисони ҳизби нав роҳнамоӣ мекунанд. Ҷиҳати иҷроиши ин дастур Кумитаи ташкилӣ иборат аз 22 нафар ташаббускор ва ҳаммаслаконе, ки сарфи назар аз нооромию гирудорҳо пойтахтро тарк накарда буданд, созмон ёфт. Дар танзиму пешбурди фаъолияти ин кумита, аз ҷумла Н. Асадуллоев, Қ. Ашӯров, И. Давлатов, С. Сафаров, Ҳ. Ҳомидов, А. Турсон, М. Шаҳобидинов, Қ. Расулов ва Д. Давлатов саҳм ва нақш доштанд. Кумитаи ташкилии ҳизби нав миёнаҳоисоли 1993 ба кор оғоз карда бошад ҳам таъсиси ҳизб ба декабри соли 1994 рост омад. Дар муддати зиёда аз як сол гурӯҳи муассисон ба омӯзишу таҳияи санадҳои зарурӣ, ба монанди Оиннома, барнома ва ҳуҷҷатҳои дигари таъминкунанадаи фаъолияти ҳизбмашғул буд. Пас аз таъсис дар марҳалаи оғоз Абдулмаҷид Достиев – муовини якуми Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ раёсати ҳизби навро, ки дар ибтидо Ҳизби Халқии Тоҷикистон номгузорӣ шуда буд, бар уҳда дошт. Чуноне Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ борҳо ёдоварӣ кардаанд, мафҳуми «демократӣ»- ро он кас баъдтар пешниҳод намуда ва он соли 1997 аз ҷониби аъзои ҳизб дар Анҷумани 3 –уми ҳизб пазируфта шуда, қонунӣ гардид ва Ҳизби Халқии Тоҷикистон ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тағйири ном кард. Ин ғоя ҳам пас аз қабулу тасвиби тағйирот ба Қонуни асосии кишвар, ки дар декабри ҳамон сол сурат гирифт, бар меомад ва мантиқан идомаи ислоҳоти сиёсӣ дар кишварамон бо мақсади ҳарчи зудтар сарҷамъ кардани ҷомеа амалӣ мешуд. Лозим ба ёдоварист, ки нисбат ба демократҳои онвақта мардум эҳсосоти манфӣ доштанд ва ин мафҳум ба номи ҳизби халқӣ ба хотири оромии ҷомеа низ ҳамроҳ гардида буд. Аз ҷониби дигар, ин нукта ҳам ба эътибор гирифта шуд, ки дар вақти раъйпурсии умумихалқии соли 1994 барои ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ояндаи кишвар ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва иҷтимоӣ овоз дода буданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 1998 ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки худ ташаббускори таъсиси он буданд, эълони узвият кардандва дар апрели ҳамон сол дар Анчумани ҳизб бо аксарияти овози вакилон Раиси ҳизб интихоб гардиданд. Ҳизб - ифодагари ормонҳои миллӣ Гузашти чоряк аср аз замони таъсиси ҳизб ва иқдомҳои бунёдкоронааш баёнгари ин ҳақиқат аст, ки Пешвои миллат ва Раиси муаззами ҳизб бо ҳидояти ташкилу раҳбарӣ ба фаъолияти ҲХДТ афкору ниёзи қишрҳои гуногуни ҷомеаро амалӣ сохта, ягона роҳи дурусти кишварро барномарезӣ намуданд. Сарвари давлат ва Раиси ҳизб аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ афзалиятҳои милливу иҷтимоӣ ва манфиатҳои мардуми кишварро аз принсипҳои либерализми иқтисодиву нафъҷӯиҳои беруниҳо болотар гузошта, бо бартараф кардани монеаҳовуҳамоҳанг сохтани мафкураи ҳизбӣ бо арзишҳои анъанавии миллӣ кафолати пешрафт ва рушдро таъмин карданд. Ин ҳизб, ки дар асл нишондиҳандаи ормонҳои миллӣ ва арзишҳои миллӣ будаву ҳаст, тавонист пайваста мавқеи худро дар фазои сиёсӣбеҳтар намояд. Таҳти роҳбарии асосгузори ин ҳизб ваПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба поён расид, садҳо ҳазор гурезаҳо, аз ҷумла гурезаҳои сиёсӣ аз кишварҳои наздику дур ба хоки кишвар баргардонида шуданд. Ба туфайли ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ва иштироки фаъолонаи аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳамон солҳои нобасомонТоҷикистон нахустинқадамҳоҳояшро дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣгузошт, низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиашро бонармӣ дигаргун кардан гирифт. Фаъолияти созандаи ҳизб, ки ба сиёсати хирадмандонаи бунёдгузори он асос ёфтааст, решава пайванди маҳкам бо истеъдоди табииву заковати роҳбари он дорад. Панҷ марҳалаи фаъолият Амалкардҳои ҲХДТ-ро дар ин давраи кӯтоҳ таҳлил намуда, метавон фаъолияташро ба 5 марҳала ҷудо кард,ки ҳар кадом равишу нишонаҳои фарқкунанадаи худро доранд. Ногуфта намонад, ки ин тақсимбандӣ дар осоре, ки то ба имрӯз дар мавриди ҳизб таҳия ва нашр гардидааст, низ ба шакли гуногун баён шудааст. Дар марҳалаи аввал ( солҳои 1994 -2000) ҳизб аз афкору эътиқодоти мавҷудаи сиёсии мавҷуд дар ҷомеаи кишвар он нукотеро гирифту сармашқи кор кард, ки ҷавобгӯи хостаҳои мардум буданду ба пешрафти мамлакат, эҷоди заминаи сулҳу субот мусоидат мекарданд.Яъне, ин бардошти чизҳое буд, ки эътидол ва муросову ҳамдигарфаҳимиро дар ҷомеа ба вуҷуд меовард. Хосияти аслии давраи дуюми фаъолият (солҳои 2001 – 2005 )ба такмили тарзу услуби кори ҳизбӣ, дигаргун кардани замина фаъолияти созмонҳо буд. Шиори созандагию бунёдкорӣ маҳздар ин марҳала ба миён омад. Онро, ки қишрҳои пешқадам, аъзои ҳизб матраҳ карда буданд ва аз сӯи ҷомеа дастгирӣ ёфт. Зеро мардум ташнаи ташаббусҳои созанда буданд. Пас аз барқарории сулҳу ваҳдат барои рушди иқтисод ва пешрафт шароит ҳам фароҳам омад. Дар он замон буд, ки ҷумҳурӣ азбуҳрони сахти иқтисодӣ раҳо ёфтан гирифт ва мизони Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ рӯ ба афзоиш овард. Дар Анҷумани 8-уми ҳизб, ки соли 2004 баргузор шуд, 10- солагии таъсиси ҲХДТ таҷлил гардид. Солҳои 2006-2009 марҳалаи дигари фаъолияти ҳизб буд ва дар ин давра, бо дастури роҳбарияти ҲХДТ дар сохтори зинаҳои гуногуни ҳизб ва дар таркиби кормандони масъули он раванди тағйироти ҷиддӣ оғоз ёфт. Яке аз марҳалаҳои муҳим дар таърихи ҳизб солҳои 2010-2014 мебошад, ки дар ин давра, бо дарназардошти талаботи вақт, таҳаввулоти иҷтимоию сиёсӣ ва беҳтар шудани дараҷаи огоҳиисиёсии мардум сохторҳои ҳизбӣ дар тамоми сатҳҳо ба шумули минтақаҳорӯ ба таҳаввулу тақвият овард. Барномаи ҲХДТ таҳти шиори «Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон» таҳия ва мавриди иҷро қарор гирифт. Дар ин давра, аз 63 вакили Маҷлиси намояндагон 45 нафар ба намояндагӣ аз ҲХДТ интихоб гардиданд. Боташаббуси онҳо, комиссия оид ба экология таъсис ёфт, ки ҳадафи он ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқии бунёди НБО «Роғун», дар ҳузури ташкилотҳои байналмилалӣ исбот кардани бехавфии ин иншооти азими энергетикӣ, аҳамияти ҳаётии он барои Тоҷикистон ва минтақа, ҳамоят аз раванди сохтмони НБО ва тарғиби ҳамаҷонибаи он дар ВАО-и ҷаҳонӣ буд. Марҳалаи ниҳоии фаъолият, ки соли 2015 оғоз ёфта, имрӯз идома дорад, давраи вусъати фаъолият, афзоиши шумораи аъзо, васеъ шудани доираиамали ҳизб ба воситаи шабакаи ташкилотҳои ибтидоӣ, бунёди биноҳои кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо аст. Оморе, ки дар бораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дарМаҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб феврали имсол эълон шуд, бозгӯи афзоиши нуфузи ҳизб дар ҷомеаи кишвар аст. Ҳоло ин ҳизб зиёда аз 460 ҳазор аъзо дорад, ки 220 ҳазорашро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора, беш аз 176 ҳазорҷавонони аз 18 то 30-сола мебошанд. Дар суҳбату суханрониҳо дуруст таъкид мешавад, ки омилҳои воқеии обрӯю нуфузи ҲХДТ-ро миёни қишрҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон бояд ҷуст. Ба сабабе, ки ҳизб манфиат ва хостаҳои аксари сокинони кишварро ифода мекунад, онҳо тақдирашонро ба он мепайванданду ҷонибдориаш мекунанд. Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо Як бахши фаъолияти ҳизб вобаста ба муносибатҳои байналмилалӣ буда, ки дар чанд соли ахир хеле вусъат пайдо намуд. Дар ин давра, робитаҳои байналмилалии ҲХДТ, чи аз сӯи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва мақомоти кумитаҳои иҷроияи шаҳриву вилоятии он бо созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои сиёсиву ҷамъиятии кишварҳои дуру наздик тавсиа меёбад. Ҳизб азоғози фаъолият то ба ҳоло бо Ҳизби коммунистии Хитой, «Нур отан» - и Қазоқистон, «Ени Озарбойҷон», Ташилоти ҷамъиятии «Белая рус»- и Белорусия созишномаҳои ҳамкорӣ дорад. Яке аз саҳифаҳои дурахшон дар робитаҳои байналмилалӣ сафари муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода дар марти соли 2017 ба Москва ва дидору гуфтугӯҳояш бо мақомоти Ҳизби «Единая Россия» буд. Натиҷаи ин музокираҳо буд, ки апрели соли 2018 муовини Котиби Шӯрои генералии ин ҳизб Сергей Железняк баъдтар дар садри як ҳайати ҳизбӣ ба Душанбе ташриф овард ва дар ҷаласаи машваратии ҳизбҳо иштирок намуда ва санаде ҳам дар анҷоми он ҷиҳати тавсиаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Зимни машварат ҷонибҳо дар бораи аҳамияти таҳкими робитаҳои ҳамаҷонибаи Россия ва Тоҷикистон мубодилаи афкор намуда, таъсири созандаи ҳамкории тарафайнро ба равандҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҳамкориҳои ду кишвар таъкид ва дурнамои рушди минбаъдаи робитаҳоро баррасӣ карданд. Мақомоти ҳизб, ҳамчунин, бо созмонҳои сиёсии Русия, ӯзбекистон, Туркия, Олмону Фаронса низ гуфтушунидҳо анҷом дода, заминаро барои густариши муносибатҳои дӯстона фароҳам намудаанд. Сухану садои ҳизб ба мардум фаҳмост Фидокории аъзо ва ихлосмандонаш аст, ки ҲХДТ ҷомеаро роҳнамоӣ мекунад ва кишвар ба сӯи ормонҳо ва дастовардҳои нав устуворона қадам мезанад. Ҳамин ҳизб аст, ки имрӯз бо гузашти ҳамагӣ чоряк аср моро бо идеяҳои ҳамоҳанг бо манфиатҳои мардум ба иҷрои вазифаҳои бузург муттаҳид месозад. Агар каме рамзӣ карда гӯем,ҲХДТ акнун нақши қутбнамоеро дорад, ки дар уқёнуси пур аз мадду ҷазри сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир Тоҷикистонро имрӯзу фардо бо масири роҳи амну осоиш мебарад. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.