Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Баррасии дастовардҳои ҳизбиёни Душанебе

Баррасии дастовардҳои ҳизбиёни Душанебе

13-11-2019, 14:28
Хабарро хонданд: 388 нафар
Назарҳо: 0

Конференсияи XVIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Маркази тадқиқоти стратегӣ, ки бо Парчамҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ оро ёфта буд, баргузор шуд. Пеш аз баргузорӣ ва дар ҷараёни конференсия аз саҳна филму аксҳо аз фаъолияти ҳизб, рӯйдодҳои муҳими кишвар ба намоиш гузошта шуд, ки ҷамъомадро ҷаззоб ва ҷолибу пуртаъсир мекард.
Дар ин маросими бошукӯҳи ҳизбӣ феҳрасти вакилони ҳизб барои Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасдиқ шуд, исми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Раиси ҲХДТ – ҳизби ормонҳои халқ ва созандаи кишвар мебошанд, дар садри он қарор доранд.
Дар кори ҷаласа ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбарони вазорату идораҳои кишвар, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Парлумони мамлакат Бахтовар Сафарзода, вакилон аз ташкилотҳои ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар конференсия асосан масъалаҳои фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб аз июли соли 2017 то ноябри соли 2019 ва омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ баррасӣ шуда, аъзои нави кумитаи иҷроия, комиссияи тафтишотӣ ва сармуҳаррири нашрияи шаҳрии ҳизб – «Мароми пойтахт» аз нав интихоб гардид.
Мутобиқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти кумита ва ташкилотҳои ҲХДТ дар муддати дувуним сол дар конференсияҳои ҳисоботӣ — интихоботии кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру вилоят ва ноҳияҳо мавриди арзёбӣ қарор мегирад.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода ҳисобот дод.
Номбурда зикр кард, ки давраи ҳисоботӣ барои ташкилотҳои ҲХДТ оғози марҳалаи нави корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ташаббусҳои нави меҳнатӣ ва омодагиҳо ба чорабиниҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин давра, қабули сифатноки аъзои ҳизб ба роҳ монда шуда, масъалаҳои дохилиҳизбӣ бештар танзим гардид.
Мавсуф таъкид кард, ки дар Душанбе 146 ташкилоти ибтидоии ҳизбии нав таъсис дода шуда, 7506 нафар дар ноҳияҳои шаҳр ба сафи ҳизб қабул гардидаанд. Айни ҳол, шумораи умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба 873 адад расида, 68384 аъзои ҳизбро муттаҳид сохта, аз ин шумора 32282 нафарро занон ва 28829 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар конференсия, ҳамчунин, зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 1674 нафар шаҳрвандон ба кумитаҳои иҷроияи шаҳриву ноҳиявӣ муроҷиат карданд, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии дархости онҳо аз ҷониби масъулин тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Мавзӯи беҳтар намудани корҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳо, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти расмӣ ва ҳадафрас намудани корҳои таблиғотӣ ба кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ кумакҳои методӣ расонида, ҳуҷҷатнигориву сабти аъзои ҳизб ба тартиб дароварда шуд.
Чуноне зикр гардид, дар самти идеологӣ низ кори ташкилотҳои ҳизбӣ беҳбуд ёфта, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб, дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2019», риояи одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба ҷараёнҳои ифротӣ, гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис ёфта, миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва аъзои ҳизб дар кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ 6768 мулоқоту вохӯрӣ ва соатҳои сиёсӣ доир шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 5651 адад зиёд аст.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа А. Раҳмонзода зимни музокира бо ёдоварӣ аз дастовардҳои ҲХДТ таъкид кард, ки ҳизбиён кӯшиш мекунанд, дар зиндагии сиёсиву иҷтимоӣ доим саҳми бештар дошта бошанд.
ӯ гуфт, ки хушбахтона ҳар ибтикору пешниҳодҳои Раиси муаззами ҳизб аз сӯи ташкилотҳои ҳизбӣ сари вақт дастгирӣ ва амалӣ мегарданд, ки ҳизбиёни шаҳри Душанбе дар сафи пеши иҷрои ин иқдомҳои наҷиб мебошанд.
Номбурда иштироки фаъоли ҳизбиён дар ҳашару маъракаҳои ободонӣ, ба таври куллӣ тағйир ёфтани симои пойтахт, таъсиси ташкилотҳои нави ҳизбӣ, кушоиши корхонаҳои нави саноатӣ дар шаҳрро аз намунаҳои хуб ва самараи фаъолияти ҳизбиён донист.
Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов зимни суханронӣ дар конференсия, аз ҷумла зикр кард, ки имрӯз пешрафтҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистонро бе ҲХДТ тасаввур кардан номумкин аст, зеро ин ҳама комёбиҳо бо саҳми аъзои ҳизб бо сарварии Пешвои миллат ва Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
ӯ бо ишора ба рисолати ҳизби сиёсӣ таъкид намуд, ки дар ҷомеаи кишварҳое, ки низоми демократиро интихоб кардаанд, барномаи пеш аз интихоботии ҳизб пас аз пирӯзӣ ба унвони барномаи амали давлат қарор мегирад. Дар Тоҷикистон низ ин меъёри демократӣ риоя мешавад ва аъзои ҲХДТ ин ифтихорро доранд, ки дар рушди назарраси кишвар, бо иқдомҳои созандаи худ саҳмгузор мебошанд.
Вакилони конференсия дар бахши дигари ҷаласа Ҳақназар Каримзодаро, ки муддати чор соли гузашта муваффақона роҳбарии нашрияи ҳизбии «Мароми пойтахт»- ро ба уҳда дошт, аз нав ба ин вазифа интихоб карданд.
Дар яке аз қарорҳои ин ҷаласа дар мавриди вазифаҳои ояндаи ташкилотҳои ҳизбӣ омадааст, ки бо дарназардошти рушди босуръати технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, қабули кормандонро мутобиқ ба замон ба роҳ монда, дар кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ сомонаҳои расмии ташкилотҳоро таъсис дода, дар шабакаҳои интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ вокунишҳои саривақтӣ нишон диҳанд;
- барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро ҳамчун барномаи амал ба роҳбарӣ гирифта, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳоро ба вакилии ҳамаи зинаҳои мақомотҳои намояндагӣ дар асоси он таҳия намоянд;
- ҳизбиён ҷиҳти баланд бардоштани савияи маърифати сиёсию ҳуқуқии нозирони миллӣ ва бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари гурӯҳҳои таблиғотӣ маводи ташвиқотиро бо назардошти дастовардҳои даврони истиқлолият таҳия, курсҳои омӯзишӣ, соатҳои сиёсӣ, семинарҳоро бо истифода аз усулҳои муосир ба роҳ монанд.
Ҳизбиёни шаҳри Душанбе дар доираи ваколатҳои худ барои Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки моҳи оянда доир мегардад, ҳайати иборат аз 260 вакилро тасдиқ намуданд.
Солеҳ Юсуфов


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: