Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Месси»-и афғон ба Испания меравад

«Месси»-и афғон ба Испания меравад

4-02-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
«Месси»-и афғон ба Испания меравадХабари дилбастагии Муртазои 5-сола ба футбол ва мухлиси сахти Леонел Месси, футболбози аргентинӣ ва ситораи маъруфи “Барселона” будани ӯ тайи ин ҳафта дар радаи хабарҳои хондании матбуот ва шабакаҳои телевизиони ҷаҳон буд.

Муртазо Аҳмадӣ, ки дар як деҳаи дурдасти вилояти Ғазнии Афғонистон маскун аст, пас аз он машҳур шуд, ки бародаронаш шавқ ва ишқи беандозааш ба футбол ва ҳаводориаш ба ин футболбози машҳурро дида, барояш аз селлофане ҳамранги либоси варзишии Месси «футболка» сохтанд ва ба пеши бараш шумораи «10»-ро сабт карданд.

«Месси»-и афғон ба Испания меравадИн рӯйдод ва соатҳо бо ин «футболка» аз паси тӯб давидани Муртазо акнун ӯро аз олами орзуҳои ширини бачагӣ берун бурда ва машҳури ҷаҳон намудааст.

Дар пайи пахшу нашри хабарҳо дар бораи ин афғонбачаи бо либоси футболбози испанӣ худи Месси ба ӯ таваҷҷуҳ карда, ҳаводори панҷсолаи афғонистониашро ба варзишгоҳи “Ню-Камп”-и Испания даъват кард.

Муртазо бо ин амали кӯдакона, ки бо орзуҳои бачагиаш ҳамранг аст, Афғонистонро ба ранги ва тобиши дигар ба ҷаҳониён маълум кард.

Мақомоти Федератсияи футболи Афғонистон ҳам, ки то ба ҳол фаъолияташ пушти сиёҳиҳои ҷанг ва бесуботиҳо хира ба назар мерасид, пас аз бозтоби зиндагии Муртазо ва хонаводааш дар шабакаҳои хабарӣ ва телевизионҳои ҷаҳон гуфтаанд: - «Месси бо онҳо дар тамос шуда ва барои мусоидат кардани заминаҳои дидори худ бо Муртазо Аҳмадӣ, ҳаводори панҷсолаи афғониаш талош мекунад. Дар ҳамин ҳол, масъули дафтари робитаҳои байналмилалии Леонел Месси ахиран эълон кард, ки «Ситораи футбол» тайёр аст барои сафари Муртазо Аҳмадӣ ба Испания иқдом кунад».

Сафорати Испания дар Кобул ҳам гуфтааст, талош хоҳад кард то заминаи мулоқоти Муртазо ва Мессиро дар як кишвари аврупоӣ фароҳам созад. Муртазо баъди он машҳур гашт, ки як акси ӯ бо пероҳане аз халтаи селлофанӣ дар шабакаи интернет нашр гардид.

Акси Муртазо бо ин «либос»-и худсохти варзишӣ, ки аз ҳаводорони Месси, ситораи футболи ҷаҳон дониста мешавад дар тамоми сайтҳои муътабари ҷаҳонӣ ҳам ба нашр расидааст.

Федератсияи футболи Афғонистон дар бо ин ситораи футболи ҷаҳон иртибот барқарор намуда дар талоши он аст, ки дар ояндаи наздик заминаи дидори Муртазоро бо Месси фароҳам намояд.

Киромиддин Карим, раиси ФФА ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки «Муртазо Аҳмадӣ, «Месси»-и афғон ва аҳли оилаашро ба ФФА даъват карда, дар мавриди сафари эҳтимолиаш ба Испания суҳбат намудааст.

Муртазо Аҳмадӣ аз рустои Қамбари вулусволии Ҷоғурии вилояти Ғазнӣ таваҷҷуҳи Мессиро бо он ҷалб намуда, ки аз як халтаи селлофанӣ ё пластикӣ барои худ либоси тими Аргентинаро сохта, дар он номи «Месси» ва шумораи “10”-и ӯро бо қалами ранга ва бо ҳарфҳои англисӣ навиштааст.

Ҳамлагари машҳури дастаи футболи «Барселона», ки соли гузашта бори панҷум «Тӯби тиллоӣ» баландтарин ҷоиза футболи ҷахониро дарёфт кард, аз зиндагии пур аз орзуи Муртазо тавассути шабакаҳои хабарӣ иттилоъ ёфта, дар Твиттери худ паём дод, ки мехоҳад ин кӯдакро пайдо карда, ба ӯ «футболка» – либоси ҳақиқии худро диҳад ва ҳам аз наздик меҳрубониаш кунад.

Хабаргузориҳои Афғонистон навиштанд, ки акси «Месси»-и селлофанпӯш»-ро бародари бузургаш Ҳумоюн бо телефони дастӣ гирифта, амакаш Азим Аҳмадӣ онро дар шабакаи интернет гузоштааст. Кӯдаки 5-сола халтаи селлофании сафед бо рахҳои кабудро, ки 10 пули афғонӣ (тақрибан 10-20 дирами тоҷикӣ), арзиш дорад, аз куҷое пайдо ва бо ёрии бародараш либос сохта ба бар кардааст.

Ҳамин як кӯшиш барои амалӣ намудани орзуи худ ҳоло Муртазоро машҳури ҷаҳон кардааст. Агарчӣ маълум нест, дар оянда сарнавишти ин писарак чӣ хоҳад буд, вале як талоши бачагона ва роҳкушоии калонсолон ба иҷрои орзуҳои рангинаш мӯҷиби он шуд, ки дар ҷаҳон ӯро бишиносанд.

Дар хабарҳои телевизионӣ, ки хабарнигорон пас аз сафар ба маҳали зисти Муртазо таҳия ва пахш мекунанд, ин кӯдаки афғон дар ҳоли бозӣ бо либоси селлофанӣ намоиш дода мешавад. Дар баъзе аз наворҳо тӯби футболи ӯ як пуфак ва ё кулӯлае аз пораҳои матоъҳои бекора аст. Пас аз он ки номаш дар ҷаҳон баромад, ба вай тӯбе ҳадя карданд, ки бозӣ кунад. Муртазо замони бозӣ бо ин тӯби ҳақиқӣ либоси варзишиеро, ки шояд зимни дидораш бо мақомоти Федератсияи футболи Афғонистон ба ӯ ҳадя шудааст, ба бар мекунад, аммо аз болои он боз ҳамон «пӯшок»-и аз селлофан сохтаашро мепӯшад…

Орзуҳои ширини кӯдакӣ, ҷаҳони рангине, ки ҳеҷ як сахтию даҳшат наметавонад халалдораш кунад, гоҳе ба кӯдакон даст медиҳад. Хуб шуд, ки атрофиёни Муртазо монеи иҷрои тахаюл (фантазия)- и вай нашуданд ва ҳангоме, ки либоси селлофанӣ ба бар кард, ӯро нахандиданд. Баръакс, аз ин иқдомаш хушҳол шуданд ва маҳсули ин ҷасорату эҷодкории кӯдаконаро барои дигарон ба намоиш гузоштанду Муртазоро машҳури дунё карданд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин рӯйдоди хушҳолкунанда ҳоло ба маврид аст, ки ҳар яке аз мо андеша кунем ва ба худ ин саволро диҳем, ки барои ҷомаи амал пӯшидани орзу ва тахаюлоти фарзандон ва кӯдакон дар муҳите ки зиндагӣ дорем, чӣ кор кардаем?
©Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: