Таҳдидҳои нави ифротгароён ба Испания22-01-2016, 09:25
Хабарро хонданд: 341 нафар
Назарҳо: 0
Созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» ба Испания таҳдидҳои нав кард.
Ифротгароён дар шабакаи интернет навори шашдақиқаинаеро паҳн намуданд, ки дар он оид ба таҳдидҳо ба Аврупо гуфта шуда, харитаи Испания калон нишон дода мешавад ва он тадриҷан ранги сурх мегирад. Дар ин бора «Europa Press» иттилоъ медиҳад. Мавриди зикр аст, ки ин огоҳии аввалини ифротгароён ба Аврупо нест. Чанд рӯз қабл ифротгароён навореро пахш карданд, ки дар он ба забти минтақаҳои Сеуту ва Мелилюи Испания (шимоли Африқо, ҳамсарҳад бо Марокаш) таҳдид мешуд. Ёдовар мешавем, ки дар чанд соли охир қариб 130 шаҳрванди Испания барои шомил шудан ба сафи ифротгароён ба кишварҳои Африқо ва Осиё роҳсипор шудаанд. Танҳо дар давоми соли 2015 дар Испания бо гумони робита бо террористон беш аз 100 нафар ва дар давоми чор соли охир 175 нафар боздошт гардидаанд. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.