Интихоби дубораи Рустами Эмомалӣ ба мақоми президентии ФФТ15-01-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 519 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз, 15 январ, дар меҳмонхонаи «Хаятт Риҷенси Душанбе» Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки аз ҷониби вакилон Рустами Эмомалӣ барои чор соли дигар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.
Дар Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ФФТ, 64 вакиле, ки барои интихоби президенти Федератсии футболи кишвар ҳуқуқи овоздиҳӣ доштанд, якдилона Рустами Эмомалиро дубора президенти ФФТ интихоб карданд. Бояд гуфт, ки барои чор соли оянда президенти ФФТ нтихоб намудани Рустами Эмомалӣ бидуни рақиб сурат гирифт. Рустами Эмомалӣ, президенти ФФТ, зимни суханронии хеш ҳозиринро барои ташриф оварданашон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии ФФТ хайрамақдам гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки дар паи иҷроиши вазифаҳои оиномавӣ, аз ҷониби ФФТ, дар давраи ҳисоботӣ (аз 5 январи соли 2012 то 15 январи соли 2016), барои куллан беҳтар гардонидани сохтор ва зерсохтори соҳаи футболи кишвар тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд. “Барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016” ба пешрафти ин соҳа вусъати тоза бахшид. Гузашта аз ин дар Тоҷикистон нахустин Академияи футболи бачагона таъсис дода шуд. Соли 2014 бошад, бо пешниҳоди ФФТ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар “Соли футболи оммавӣ” эълон гардид. Зимни баромади президенти ФФТ, инчунин қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бар рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Зери роҳбарии FIFA ва AFC, инчунин дар ҳамкории бевосита бо дигар ташкилоту муассисаҳо як қатор барномаҳои мушаххас роҳандозӣ гардиданд, ки барои рушди футбол дар кишвар мусоидат намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади муҳайё намудани шароити мувофиқ барои тамрини бозингарон, аз ҷониби ФФТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як чанд майдону майдончаҳои замонавии футбол сохта ба истифода дода шуд. Дар паи оммавигардонии футбол миёни кӯдакону наврасон мусобиқаву чорабиниҳои зиёде амалӣ шуданд. Баргузории ин мусобиқаҳо шумораи дастаҳои футболро миёни кӯдакону наврасони шаҳру ноҳияҳои кишвар афзун гардонид. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар охир инчунин қайд кард, ки дар дарвраи ҳисоботӣ, омодагии мақсаднок ва баромади бомуваффақияти клубҳо ва дастаҳои мунтахаби кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, яке аз самтҳои асосии фаъолияти ФФТ қарор дода шуд. Хушбахтона, дар натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи масъулини соҳа, ФФТ дар дарвраи ҳисоботӣ якчанд натиҷаҳои баланди варзиширо соҳиб шудааст. Рустами Эмомалӣ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё роҳхат гирифтани дастаҳои мунтахаби ҷавонон ва футзали Тоҷикистон ва ба бозии финалии Ҷоми AFC баромадани дастаи «Истиқлол»-и Душанберо аз бузургтарин комёбиҳои футболи тоҷик дар чор соли охир унвон кард. Дар ин конференсия Хуршед Файзуллозода, ноиби аввали президент ва дабири кулли ФФТ, аз фаъолияти Федератсия дар солҳои 2012-2015 ҳисобот дод. Дар ҳисобот, аз ҷумла зикр шуд, ки ФФТ дар муддати чор соли охир корҳои зиёдеро дар бобати рушди минбаъдаи футбол дар кишвар ба ҷо овардааст. Дар ин муддат, пеш аз ҳама ба такмили ташкили кори футболи кӯдакону наврасон, тарғибу ташвиқ ва маъруфияти футбол дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин ба омодагӣ ва ширкати муваффақонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир карда шуд. Дар доираи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) соли 2015-ум дар Душанбе бозиҳо бо ширкати клубҳои футбол аз Ироқ, Кувайт, Туркманистон, Сурия ва Малайзия баргузор шуданд. Дастаи "Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар соли аввали ширкати худ дар ин мусобиқаи қитъавӣ ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт. Қайд карда шуд, ки дар ин давра мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 мушарраф шуд. Инчунин мунтахаби футзали кишвар ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 роҳхат гирифт. Фаъолияти чорсолаи ФФТ аз ҷониби вакилони конференсия мазкур қаноатбахш арзёбӣ карда шуд. Дар конференсия Кумитаи иҷроияи ФФТ дар ҳайати 13 нафар интихоб шуд. Ба ғайр аз президенти ФФТ ва ду ноиби ӯ, Қоҳир Расулзода, Аҳтам Абдуллозода, Шоҳрух Саидов, Шариф Назаров, Исроил Шарифов, Музаффар Исҳоқов, Фатҳулло Ҷалилов, Бароталӣ Ҳамидзода, Фарҳод Сайфиддинов ва Муҳсин Муҳаммадиев аъзои Кумитаи иҷроия интихоб гардиданд. Ноибони президент ва дабири кулли ФФТ дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи ФФТ тасдиқ мешаванд. Дар анҷоми конференсия ҳисоботӣ-интихоботии ФФТ, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ба роҳбарону масъулини ФФТ бароу комёбиҳо орзу намуд. ©И.ТОҲИР |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.