Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » НЕРӮИ ФАРДОСОЗ

НЕРӮИ ФАРДОСОЗ

11-12-2019, 17:24
Хабарро хонданд: 275 нафар
Назарҳо: 0
НЕРӮИ ФАРДОСОЗ
Солгарди 25 - уми Ҳизби Халққии Демократии Тоҷҷикистон ба кулли мардуми кишвар воқеаи фараҳбахшу пурнишот маҳсуб мешавад, зеро ин нерӯи сиёсӣ дар назди халқу Ватан вазифаи муҳими таърихиро ба ҷо оварда, дар роҳи расидан ба ваҳдату суботи сиёсӣ хидмати мондагор анҷом дод.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз он қувваи пешбарандаи ҷомеа, нерӯи фардосоз ва иқтидори воқеии пешрафти кишвар ном мегиранд, таҳти шиори “Барои ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, сулҳу оромӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолият мебарад.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғғд таҳти ҳамин шиор дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб талош намуда, имрӯз ин нерӯи сиёсӣ дар миқёси вилоят наздик ба 150 ҳазор нафар аъзоро фаро гирифтааст, ки аз ин шумора 53163 нафар дорои маълумоти олӣ, аз ҷумла 80 нафар доктори илм ва 734 нафар номзади илм мебошанд.
Шоистаи таъкид аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ғояи ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, воқеан, тавонист дар давраи ҳассоси таърихи давлатдории навини тоҷикон рисолати волои худро ба сомон расонад.
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки ҲХДТ зодаи замони истиқлол буда, аз умқи дили мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор додааст.
Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ бо дарназардошти ин нукта ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум пайваста тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.
Давоми нуҳ моҳи соли 2019 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳру навоҳии вилоят 12625 мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардид, ки дар он беш аз 930 ҳазор нафар намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда шуданд.
Аёдати собиқадорон ва ашхоси ниёзманд, ки аз самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар меҳвари фаъолияти кумиҷроияи вилоятӣ қарор дорад.
Танҳо давоми ҳашт моҳи соли 2019 аёдати 15 249 нафар бо харҷи 1102400 сомонӣ ба ҷо оварда шуд.
Аксияи “Нури маърифат” бошад, имсол 3306 нафар хонандагонро фаро гирифта, дар самти дастгирии моддиву маънавии ашхоси имконияташон маҳдуд 76 чорабиниву маҳфилҳо гузаронида шуданд.
Яке аз омилҳои асосии муваффақияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар он аст, ки барномаи ин ҳизби сиёсӣ бо барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг аст. Барномаи ҳизб тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаро дарбар гирифта, иҷрои муваффақонаи барномаву ҳадафҳо ва густариши рӯзафзуни фаъолият аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз маҳбубияти беканори мардум бархурдор гардида, халқ онро ҳизби мардумиву пешбар унвон кардааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти устувору бонизомро омили ҳадафрасии барномаву ғояҳои ҳизбӣ медонанд. Аз ин рӯ, ҳамсафонро ба навҷӯиву навоварӣ дар корҳои тарғиботӣ, шикастани анъанаҳои қолабии фаъолият раҳнамоӣ мекунанд.
Бо дарназардошти он ки асоси фаъолияти моро тарғибот ташкил медиҳад, ҳизбиёни вилоят бо роҳандозии навоварӣ дар шаклу усули ташвиқот марому мақсади ҲХДТ-ро таъмин намуда истодаанд.
Маълум аст, ки ташкилоти ибтидоӣ ячейкаи асосии фаъолияти ҳизбиро ташкил дода, беҳтар ва самаранок ба роҳ мондани кори онҳо аз кумиҷроияҳои шаҳру навоҳӣ пайваста талаб карда шуд.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки танҳо давоми нуҳ моҳи соли равон дар Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ 66 ташкилоти ибтидоии нав таъсис дода шуда, шумораи аъзо 20383 нафар афзуд.
Ҳаёт ва таҷрибаҳо собит кардаанд, ки неруву ҳизбҳои сиёсие, ки мавқеи устувор надоранд ва ё фаъолияташон аз манфиатҳои гурӯҳҳои ҷудогона реша мегирад, ба зуддӣ эътибору нуфузи худро аз даст дода, пароканда мешаванд. Нуфузу эътибори бесобиқаи ҲХДТ дар он ифода ёфтааст, ки фаъолият ва ҳадафи он берун аз ин хусусиятҳост. Ин нерӯи сиёсӣ дастёбӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати саросариро ҳадафи хеш қарор додаву ба қавли Раиси муаззами он: “...аз иҷрои ин вазифаи таърихӣ сарбаландона баромад ва ҳоло маҳз ба шарофати неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ давлати мо бомаром рушд карда истодааст ва раванди бунёдкориву ободонӣ пайгирона идома дорад”.
Дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди таъсисёбии ҳизб Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он барномаву нақшаҳои минбаъда муайян ва мушаххас хоҳанд гардид. Итминон дорем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳилаҳои оянда низ бо фаъолияти густурда дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзандаи худро мегузорад.
25 - умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборак!
Сатториён Матлубахон Амонзода,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: