Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шикояти шаҳрвандон аз фасод зиёд шудааст

Шикояти шаҳрвандон аз фасод зиёд шудааст

3-02-2016, 17:37
Хабарро хонданд: 416 нафар
Назарҳо: 0
Шикояти шаҳрвандон аз фасод зиёд шудаастДар асоси қарори роҳбари Гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 12 биною иншоот ва ҷамъиятҳои саҳҳомии хусусигардонидашудаи муттаалиқ ба собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ва наздикони ӯ санҷиши дурустии асосноккунии хусусигардонии онҳо гузаронида шудааст. Танҳо дар 8 иншооти таҳти санҷиш қарордодашуда муайян гардид, ки ҳангоми хусусигардонии амволи давлатӣ ва ҷалби қарзҳои бонкӣ бо роҳи сохтакорӣ ба давлат 5,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расида шудааст. Инчунин аз ҷониби кормандони Агентӣ, ки ба гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати Муҳиддин Кабирӣ ва наздикони ӯ шомил ҳастанд, 42 биноҳои маъмуриву манзилҳои истиқоматӣ ва 70 номгӯи амволи дигар ошкор гардидааст. Дар ин бора 2 феврал дар нишасти матбуотии Агентӣ гуфта шуд.

Чуноне, ки муовини директори Агентӣ Наимӣ Аъламхон Қодириён қайд кард, аз ҷониби ин ниҳод дар давраи ҳисоботӣ як қатор ҷиноятҳои сатҳи коррупсионӣ дошта ошкор гардидааст. Масалан, зимни гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ муайян гардид, ки фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гули Мурод»-и шаҳри Душанбе, ки асосан ба ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши тиллову метталҳои сиёҳ ва ранга машғул аст, низ бенуқсон набуда, дар ин ҷамъият ба як қатор камбудиҳову норасоиҳо ҷой дода шудааст. Ҳангоми санҷиши молиявӣ дар қитъаи СОУНи кони тиллои барҳамдодаи Ёхсу дар алоқамандӣ бо ҶДММ «Гули Мурод» камомади металли қиматбаҳои рақами 1 (тилло) нисбат ба ҳисоботи геологӣ ба миқдори 36,6 кг ба маблағи зиёда аз 8, 1 миллион сомонӣ ошкор гардид. Чунин камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо дар баъзе ширкатҳои дигари гуногунсоҳа ошкор гардида, тафтишоташон идома дорад. Қонуншиканиҳои сохти коррупсионӣ дошта дар ниҳодҳои давлатӣ низ ба қайд гирифта шудаанд, ки мақомоти дахлдор аз пайи санҷиши он ҳастанд. Дар соли 2015 ба Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои маҳаллии Агентӣ 5408 адад муроҷиати шаҳрвандон ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 2626 адад зиёд аст. Дар анҷом зикр гардид, ки сиёсати кадрии Ҳукумати кишвар баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ин ниҳод таъсири мусбӣ расонидааст.
©Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: