Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » МЕҲРГОН – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

МЕҲРГОН – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

17-10-2019, 16:22
Хабарро хонданд: 496 нафар
Назарҳо: 0
МЕҲРГОН – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН Ҷашни Меҳргон қабл аз ҳама иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати инсонҳо ба якдигар, накӯкорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи деҳқонон буда, ки ниёгонамон баъди ҷамъоварии ҳосил ин рӯзро ҷашн мегирифтанд. Ин ҷашн дар рӯзи 16 – уми меҳр, ки он рӯзро низ рӯзи меҳр меноманд, баргузор мегардад, чунки дар солшумории ниёгони мо ҳар рӯз номи махсус дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар гоҳ, ки онҳо бо ҳам мувофиқ меомаданд, аз тарафи мардум ҷашн гирифта мешуданд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бошад, ин ҷашн бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад.
Роҷеъ ба пайдоиши ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихии Шарқию Ғарбӣ андешаҳо мухталифанд. Масалан, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» роҷеъ ба ҷашну оинҳои форсу тоҷикони бостонӣ маълумоти ҷолиб оварда, бо меҳру муҳаббат аз таъриху суннатҳои ниёгони худ ба некӣ ёд мекунад. Ӯрӯзи аввали ба тахт нишастани Фариддунро баробар ба рӯзи Меҳргон медонад ва шурӯи таҷлили ин ҷашнро ба ӯ нисбат медиҳад.
Ҷашни Меҳргон дар Меҳррӯз аз Меҳрмоҳ ба солшумории Авестоӣ баробар аст, зеро ба шонздаҳуми меҳр аз моҳи меҳр ва бо солшумории қонунӣ, мутобиқ ба 8-уми октябр мебошад. Воқеан ин ҷашн бо рӯзи меҳрубонӣ ва раҳо шудан аз зулм ва расидан ба ёру дӯст ва қавму қабоили хеш баробар ва дуруст меояд, ки худ як нишонаи базмгоҳист.
Ин ҷашни пуршукуҳи аҷдодӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим тӯли шаш рӯз ҷашн гирифта мешуд ва аз Меҳррӯз оғоз гашта, ба Ромрӯз хотима меёфт. Дар воқеъ Меҳргон ҷашнест, ки давра ба давра олимону донишмандони мо дар баробари ҳама ҳамлаву зарбаҳои шадид тавонистанд то имрӯз онро нигоҳ доранд.
Нахустин рӯзи ҷашн, меҳргони мардуми одӣ ва охирин рӯзи ҷашн, меҳргони олимақом ном доштааст. Ба ин маъно, ки дар рӯзи нахустини ҷашн подшоҳон туҳфаҳо медоданд, то мардумон битавонанд сухани худро бепарда ва озод ба шоҳ бигӯянд. Дар меҳргони мардуми одӣ, яъне рӯзи вопасин бузургони форс ба кохи подшоҳ хонда мешуданд ва пас аз ситоиши Аҳуро Маздо ва ҳамин гуна арҷ гузоштан ба шоҳаншоҳ ба пойкӯбӣ ва нағмасароӣ мепардохтанд.
Мардуми тоҷик аз ҳазораи дувуми пеш аз мелод онро ҷашн мегиранд. Меҳр ё митро дар забони форсӣ ба маънои фурӯғ, рӯшноӣ , дӯстӣ, пайвастагӣ ва муҳаббат буда, зидди дурӯғ ва дуруғгӯйӣ, паймоншиканӣ ва номеҳрубонӣ кардан равона шудааст. Фалсафаи ҷашни меҳргон сипосгузорӣ аз худованд ба хотири неъматҳое аст, ки ба инсон арзонӣ дошта ва таҳкими дӯстиву муҳаббат миёни инсонҳост.
Собиқаи ҷашни Меҳргон ба ҳазораи дуюми пеш аз мелод рост меояд ва таърихи беш аз 4000- сола дорад. Куҳан будани ҷашни мазкур то даврони шоҳони бостонӣ, аз ҷумла Фариддуни бузург рост меояд. Чунон ки аз гузориши Фирдавсӣ бармеояд, замони баргузории ҷашни Меҳргон дар оғози моҳи меҳр ва фасли тирамоҳ ва ҳамин тариқ то поёни давраи Ҳахоманишӣ ва эҳтимолан то охирҳои давраи Ашкониён идома ёфтааст. Аммо пас аз ин замон, махсусан дар давраи Сосониён, ҷашни Меҳргон ба меҳри рӯз аз меҳри моҳ ё шонздаҳум моҳи меҳр муайян карда мешавад.
Далели баргузории ҷашни Меҳргон дар оғози меҳрмоҳ ва усулан номгузории нахустин моҳи фасли тирамоҳ ба номи меҳр дар ин аст, ки дар давраҳое аз даврони бостон ва аз ҷумла дар замони Ҳахоманишиниҳо оғози тирамоҳ оғози соли нав будааст ва аз ҳамин рӯз нахустин моҳи солро ба номи меҳр нисбат додаанд. Дар солшумории зардуштӣ-авастойӣ, сол 12 бурҷ ва бурҷ 30 рӯз будааст ва ҳар рӯз аз бурҷ номе доштааст. Баъзе аз ин номҳо бо номи бурҷҳои 12-гона ёд мешудааст, ҳар гоҳ ки номи рӯзу номи бурҷ татбиқ шудааст, ниёгони мо он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Барои намуна даҳумин рӯз бо номи тир, шонздаҳумин рӯз бо номи меҳр ва панҷумин рӯз бо номи сипандормуз будааст, ки ба тартиб ҷашнҳои тиргон, меҳргон ва исфандгонро ҷашн мегирифтаанд.
Меҳргон ҳамчун наврӯз дорои эътидоли кайҳонӣ аст. Андозаи шабу рӯз дар меҳр баробар мешавад ва шояд аз ҳамин сабаб ин моҳро меҳр номиданд, зеро худованд довари боадолат ва додгустар аст. Ҳамчунин меҳр баробар аст бо поёни фасли ҷамъоварии ҳосил аз ҷониби деҳқонон. Аз ин рӯ замони муносибе барои ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон, ки асосан мардумони даврони куҳан буданд, маҳсуб меёбад. Ҳамчунин ҳокимон дар ин замон хироҷу молиётро аз мардум меситониданд ва ҳамин амали ҳокимон боис гардид, ки давлатҳои араб ва турку муғул, ки бар ниёгони мо зафар ёфтаанду МЕҲРГОН – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН бо фарҳанги миллии мо бегона буданд, ҷашни Меҳргонро ба расмият шинохта, дар сатҳи баланд истиқбол намоянд. Бархе бар ин боваранд, ки дар давраҳои пешин мардуми тоҷик ҳам наврӯзи баҳорӣ ва ҳам наврӯзи тирамоҳиро ҷашн мегирифтаанд, баъдан ба тадриҷ бо тақозои ҳамон замон наврӯзи тирамоҳӣ аз байн рафтааст.
Он гуна, ки дар маъхазҳо ва навиштаҳои муаррихону донишмандони қадими аҷдодони мо ва донишмандони хориҷӣ ишора шудааст, мардум дар ин рӯз то ҳадди имкон бо ҷомаҳои арғувонӣ бар гирди ҳам меомаданд ва ҳар нафаре дар дасти хеш номаи табрикотӣ дошт. Ин номаҳоро маъмулан бо бӯйи хуш ҳамроҳ месохтанд ва дар лифофаи зебо мепечидаанд. Дар миёни хон ё суфраи меҳргонӣ, ки аз порчаи арғувониранг ташкил мешуд, гулҳои навшукуфтаро мегузоштанд, бар замми ин бо меваҳое мисли санҷид, ангур, анор, себ, биҳӣ, туранҷ ва дигар хӯрокҳои хони мехргонӣ дастархонро оро медоданд. Нӯшидан аз шарбати гиёҳе, ки бо об ё шири тунук омода карда мешуд, фароҳам меоварданд ва ҳама бошандагони ҷашн ба нишонаи паймон аз он менӯшиданд. Нони махсуси Меҳргон аз омехтани орд ва ҳафт навъи ғаллаи гуногун таҳия мегардид. Дар ин ҳафт навъи ғалла гандум, ҷав, биринҷ, нахӯд, лӯбиё, мош ва арзан дохил мешуд. Дигар лозимаҳои суфраи Меҳргон иборат буд аз ҷоми оташ ё шамъ, шакар, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш монанди гулоб. Мардуми форсу тоҷик пас аз хӯрдани нон ва нӯшидани об ё ширае, ки аз шарбати гиёҳҳо таҳия мешуд, саргарми суруду мусиқӣ шуда, гурӯҳ-гурӯҳ мерақсиданд. Сурудҳои ҷашниро бо овози баланд мехонданд.
Устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-яш роҷеъ ба баргузории ин ҷашн дар Самарқанд ва навоҳии он ибрози андеша намудааст. Аз ҷумла ӯ қайд кардааст: «Ҷашне, ки метавонад бо ҳамаи дигаргуниҳояш бозмонда бошад, ҷашни Меҳргон аст».
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо азму талошу тадбирҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бисёр ҷашну маросимҳои миллӣ эҳё гардид, аз ҷумла иди Меҳргон ҳам дар қатори дигар ҷашнҳо ҷойгоҳи махсус пайдо кард, мавриди қайд аст, ки ҷашнҳои арзишманди миллии тоҷикон баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии онҳоянд. Тоҷикон аз зумраи он халқони куҳанбунёду тамаддунофаранд, ки тавонистанд ҷашнҳои муқаддаси миллиашон – Наврӯз, Меҳргон ва Саддаро бо дарназардошти фишорҳои мафкураҳои ҳоким дар низомҳои гуногуни сиёсӣ беосеб то ба имрӯз бирасонанд ва тайи солиёни истиқлолият бо қалбҳои саршор аз ифтихори ватандорӣ, бо шукуҳмандии тоҷикон ва шаҳомати ориёна ҳарсола таҷлил намоянд. Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябр ин ид ҷашн гирифта мешавад.
У. Раҳматов,
мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии
ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: