Паёми Пешвои миллат ба муносибати ҷашни Меҳргон14-10-2019, 09:30
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
13.10.2019, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз! Тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихори ҷашни Меҳргон, ки мисли Наврӯз ва Сада аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонии халқамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Ҷашни Меҳргон ҳамчун ойини бисёр бостонӣ мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд. Ин ҷашни миллӣ саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона буда, дар баробари ин, исботи ҳанӯз дар замонҳои қадим кишоварз, яъне истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ будани аҷдоди мо мебошад. Ҳангоми таҷлили Меҳргон ҳамчун ойини анҷоми бобарори корҳои саҳроӣ ниёгони мо маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, фарорасии онро бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол мегирифтанд, аз натиҷаи заҳматашон хушҳолӣ менамуданд ва нияту орзу мекарданд, ки солҳои баъдӣ низ ҳосил фаровон шавад, то ки хони мардум пур аз файзу баракат бошад. Пирӯзии некӣ бар бадӣ, некандешиву накӯкорӣ, аз қалбҳо дур кардани кинаву кудурат ва муҳаббату эҳтиром ба ҳамдигар ҷанбаҳои маънавию ахлоқии ҷашни Меҳргон низ мебошанд. Ин арзишҳои баланди маънавии Меҳргон аз қадимулайём то ба имрӯз бо илм, адабиёт, фарҳанг ва рӯзгори мардуми мо пайванди ногусастанӣ доранд. Абӯрайҳони Берунӣ дар асори худ доир ба ҷашни Меҳргон маълумоти пурқимат дода, аз ҷумла бо овардани ривояти пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок ғалабаи хайрро бар шарр таъкид намудааст. Шоирони бузурги тоҷик, аз қабили устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Низомӣ ва дигарон дар ашъори худ ҷанбаҳои пурҳикмату пурарзиши Меҳргонро тавсифу ситоиш намуда, бо самимияту қалби пок истиқбол гирифтани онро тарғиб кардаанд. Дар замони истиқлоли давлатӣ ин ойини бостонии мо дигарбора эҳё гардид ва тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҷашни миллии мардуми кишварамон табдил ёфт. Соли панҷум аст, ки ҷашни Меҳргон дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад ва кишоварзони шарафманди мо якҷо бо мардуми мамлакат ин суннати фархундаи аҷдодиро бо хушҳолӣ истиқбол мегиранд ва бо шукрона аз фазои сулҳу суботи Ватан ҳамдигарро бо ин ҷашни бостонӣ табрик менамоянд. Қобили таъкид аст, ки кишоварзӣ барои мо соҳаи ҳаётан муҳим буда, ба туфайли заҳмати софдилонаи марди деҳқон имрӯз дар бозорҳои кишвар маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза фаровон мебошад. Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки соҳаи кишоварзӣ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди саноат, махсусан, саноати сабуку хӯрокворӣ нақши басо арзишманд дорад. Маҳз бо заҳмати деҳқонони асилу соҳибтаҷрибаи кишвар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол аз сол афзоиш ёфта, маҳсулоти хушсифати Тоҷикистон, аз ҷумла меваю сабзавот ба кишварҳои гуногун содирот мегардад. Донишмандони моро зарур аст, ки расму ойинҳои вобаста ба Меҳргонро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, арзишҳои маънавию иҷтимоии онро бо дарназардошти воқеъиятҳои замони нав ва шароити соҳибихтёрии давлати тоҷикон васеъ тарғиб намоянд. Итминони комил дорам, ки ҷашни Меҳргон дар роҳи боз ҳам тавсеа пайдо кардани худогоҳиву худшиносии халқамон мусоидат карда, боиси вусъати корҳои созандагиву ободонӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи табиати зебои диёрамон мегардад. Бори дигар тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихори ҷашни бостонии Меҳргон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, иқболу саодат ва дастурхони пурнозу неъмат орзу менамоям. Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.