Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

МЕҲРГОН

17-10-2018, 08:25
Хабарро хонданд: 453 нафар
Назарҳо: 0
МЕҲРГОН

Меҳргон омад,азизон,меҳрубониҳо кунед,
Васфи деҳқонро суруда, шеърхониҳо кунед.
Зар фишонад дастранҷи марди заҳмат ин замон,
Зери пойи зарфишонон зарфишониҳо кунед.

Аз Фаридун монда мерос ин ҷалоли Меҳргон,
Бо дирафши ковиёнӣ баррасид то ин замон.
Иди нусрат, иди қудрат, иди покӣ бошад он,
Рамзи серию саодат ояд аз ӯ бар ҷаҳон.

Чун забарҷад рангбозӣ мекунад дашту даман,
Ҳиммати деҳқон фаровонӣ бирезад бар чаман.
Аз қудумаш файзборон гашта қалби анҷуман,
Сурхрӯйӣ бахшад он бар ҳар ватандори Ватан!

Меҳргон,эй иди меҳри ориён,хуш омадӣ,
Бар диёри файзбори тоҷикон хуш омадӣ!
Хирмани пурганҷ дорад кишварам аз файзи ту,
Меҳргон,эй ҷашни файзи ҷовидон, хуш омадӣ!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: