Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Абёти нави устод Рӯдакӣ пайдо шуд!

Абёти нави устод Рӯдакӣ пайдо шуд!

4-10-2019, 17:45
Хабарро хонданд: 266 нафар
Назарҳо: 0
Абёти нави устод Рӯдакӣ пайдо шуд!Тавре имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҳамоиши тантанавӣ дар Душанбе ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси ифтихор ёдовар шуданд, бунёдгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди Панҷакент ба дунё омадааст ва таърихи чандҳазорсолаи забону адабиёти тоҷик бо номи Одамушшуаро Рӯдакӣ сахт вобаста аст.

Рӯдакӣ аз шоирони пуркор ва сермаҳсули дунё будааст. Эҷодиёти ӯ аз 8-солагиаш сар шуда, қариб 70 сол давом кардааст. Бар замми ин, Рӯдакӣ чунон истеъдоди бузург доштааст, ки асарҳои калонро дар муддати кӯтоҳ эҷод мекардааст. Соли 932 ӯ бо хоҳиши дӯсташ Балъамӣ «Калила ва Димна»-ро дар 12 ҳазор байт ба назм медарорад. Баъди ин «Синдбоднома»-ро менависад. Соли 933 қасидаи «Модари май»-ро дар чанд рӯз меофарад, ки он дар шакли боқимондааш аз 94 байт иборат аст. Боз 5 маснавии дигар доштааст. Соҳиби девони бузург будани Рӯдакӣ аниқ аст. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки Рӯдакӣ бе ҳеҷ шакку шубҳа аз шоирони пурмаҳсул будааст. Аз ин ҷиҳат Муҳаммад Авфии Бухороӣ ашъори ӯро сад дафтар, яъне сад ҷилд мегӯяд. Шоири асри XI Рашидии Самарқандӣ аз «сездаҳ раҳ сад ҳазор» байт будани шеъри Рудакӣ хабар медиҳад:

Шеъри ӯро баршумурдам, сездаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.

«Дареғу афсӯс, ки аз 1 миллиону 300 ҳазор мисраъ, ба ривояти дигаре аз 700 ҳазор мисраъ, ба ривояте аз 300 ҳазор байт ва ё ҳатто аз 100 ҳазор байти устод Рӯдакӣ имрӯз беш аз 1000 байт расидаву бас.
Ва ин аст, ки чун аз миёни сафҳаҳои китобе донишмандон қитъае ё байтеро аз устод пайдо мекунанд, табиист, ки боиси хурсандии ҳазорон ҳазор ҳаводори шеъри форсӣ дар саросари густараи бузурги забони форсӣ мешавад», — навиштааст имрӯз нависанда ва донишманди маъруфи тоҷик Абдуқодир РУСТАМ дар саҳифаи худ дар шабакаи Facebook ва чунин хабар додааст:

Инак донишмандони эронӣ Заҳро Насиришироз, Насруллоҳи Имомӣ ва Саҷҷоди Деҳқон устод ва устодёрони забону адабиёти форсии Донишгоҳи Аҳвози Ҷумҳурии Исломии Эрон аз луғатномае се байти тозаи устод Рӯдакиро пайдо ва онро зимни мақолае ба таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва дӯстдорони адаб ироа додаанд.

Мақолаи донишмандони эронӣ ба номи «Баррасии абёти тоза ва мансуб ба Рӯдакии Самарқандӣ дар фарҳанги «Луғати Ҳалимӣ» (Шарҳи «Баҳр-ул-ғароиб») дар маҷаллаи «Матншиносии адаби форсӣ» (1397, шумораи 4 (40) чоп шудааст.

Фарҳанги «Луғати Ҳалимӣ» фарҳанги дузабонаи форсӣ ба туркӣ буда, дар ҳудуди асри 9 ҳиҷрии қамарӣ (15 мелодӣ) ба риштаи таҳрир даромадааст. Муаллиф вожаҳои форсиро ба забони туркӣ шарҳ дода, баъд ашъори шоирони форсизабонро ба шоҳид овардааст. Дар ин луғат (чунонки дар фарҳангҳои форсии дигар низ) ашъори Рӯдакӣ фаровон истифода шудааст. Таъкид гардидааст, ки ин фарҳанг низ аз маъохизи устод Саиди Нафисӣ будааст, вале зоҳиран эшон аз нусхаи ноқисе аз ин луғат истифода бурдаанд, чун се байти тозаеро, ки танҳо дар ин луғат дида мешавад, дар китоби хеш наёвардаанд.
Абёти нави устод Рӯдакӣ пайдо шуд!
Муаллифони мақола ду нусхаи ин луғатро, ки дар китобхонаи миллии Эрон ва китобхонаи Маҷлиси ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад, ҳамчунин фарҳанги Шуъуриро , ки низ фарҳанги туркӣ ба форсӣ буда, аз фарҳанги «Луғати Ҳалимӣ» таъсир гирифтааст, баррасӣ кардаанд.

Инак се байти навёфтаи Рӯдакӣ, ки дар ин фарҳангҳо омадааст ва дар ҳеч маъхази дигаре дида намешавад:

Мар маро дар банди ғам созад асир,

Чун зи пича бозгирад пичабанд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар асли фарҳанг вожаҳои «пича» ва «пичабанд» ба гунаи «пунҷа» ва «пунҷабанд» омада, ва «пунҷа» ба маънии «пешонӣ» шарҳ шудааст ва муаллифони мақола бо барқарор кардани асли ин калимаҳо онро ба гунаи дуруст сабт кардаанд. Азбаски «пича» ва «пичабанд» вожаҳои хоси форсии мовароуннаҳрӣ будаанд (ки ба яке аз маъноҳояш имрӯз низ дар миёни тоҷикон роиҷ аст) бештари фарҳангҳои форсӣ ин калимаҳоро ба шаклҳои ғалати “пунҷа” ё “пунча” овардаанд.

Байти дувум дар нусхаи Маҷлис ба сурати

Нахусб, кун сипарӣ кори он ҷаҳони дигар,
Зи пеши он ки кунад марг умри ту сипарӣ.

омада, вале дар нусхаи Китобхонаи миллӣ мисраи аввал ба гунаи
Махусбу кун сипарӣ кори он ҷаҳони дигар омада, ки низ боиси тааммул аст.

Ва муаллифони мақола ҳадс задаанд, шояд калимаи аввали байт «нахуст» бошад, ки ба фикри мо чунин нест ва ҳамон «нахусб»-у «махусб» афзалтар менамояд.
Байти севум, ки зайли вожаи «навард» ба маънои «дархуранда» (сазовор, писандида) омада, ин аст:

Хоҷа аз меҳтарон наварди ман аст,
Ҳамчунон шеъри ман ба дил-ш навард.

Ҳамчунин дар ин луғат байтҳое ҳастанд, ки дар фарҳангҳои дигар ба шоирони дигар мансубанд ва дар ин ҷо ба номи Рӯдакӣ забт шудаанд, ва низ байтҳое мавҷуданд, ки дар соири фарҳангҳо ба номи Рӯдакӣ омада, дар ин луғат ба номи шоирони дигар забт шудаанд.

Ва низ байтҳое аз Рӯдакӣ дар ин луғат бо ривоятҳои дигаргуна омадаанд, ки чун баҳси ихтисосӣ аст аз шарҳи онҳо худдорӣ кардем…..

Инро фурӯ бихонед ва боз мунтазири абёти тозаи дигар аз Рӯдакӣ бошед!..

ТАВЗЕҲИ АМИТ «ХОВАР»:

Дар рӯйхати асарҳое, ки барои хондан тавсия шудаанд ва ин рӯйхат ба низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» замима шудааст, ғазалу достон, қасидаву маснавӣ ва рубоиву дубайтиҳои Устод Абӯабдулло Рӯдакӣ дар ҷои аввал меистанд. Хотиррасон менамоем, ки Озмуни мазкур зери сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда, низомномаи он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ба тасвиб расидааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: