14 август дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ/ЭКО) дар Теҳрон муаррифии китоби тозанашри шоир, нависанда ва пажӯҳишгари шинохтаи эронӣ Нодира Бадеӣ таҳти унвони “Сафарномаи Тоҷикистон, Самарқанд ва Бухоро (Ӯзбекистон)” баргузор гардид, ки дар он аҳли илму адаб, аъзои Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон, роҳбарияти Муассисаи Фарҳангии СҲИ ва Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ширкат варзиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бр истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре дар хабар омадааст, муаллифи китоб менависад, ӯ солҳо ошиқи дидани Тоҷикистон буд ва як сол пеш ба ин орзуи худ расида, дар рӯзҳои Наврӯзи соли 2018 ба кишвари биҳиштосои мо сафари дуҳафтаина анҷом додааст ва таассуроти худро аз ин сафар бо меҳру ихлоси хосса ба диёри бостонии тоҷикон рӯи қоғаз рехтааст.
Дар суханрониҳои аҳли илму адаб дар маросими рӯнамоии китоб ибтикори хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷик, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таъсиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – “Пайванд” ва нақши он дар ваҳдати маънавии тоҷикон ва форсизабонон таъкид гардид. Ин ибтикор боис гардид, ки намояндагони илм, адабиёт ва фарҳанги кишварҳои ҳамзабон дар ростои шинохти беҳтару хубтари фарҳангу маънавияти муштарак саъйу талоши густарда ба харҷ диҳанд. Дар ин робита таъкид шуд, ки Нодира Бадеӣ низ яке аз муҳаққиқону пажӯҳишгарон ва шоирони ростинест, ки дар таҳкими пайвандҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон ва мардумони форсизабони минтақа гомҳои устувор бармедоранд.
Нодира Бадеӣ дар ростои муаррифии фарҳангу адаби Тоҷикистон дар Эрон талошҳои холисона ва ошиқона дорад. Аз ҷумла мақолаҳои таҳқиқӣ дар бораи устодони шеъри тоҷик — Лоиқ Шералӣ, Убайд Раҷаб ва дигарон нигоштааст, ки мавриди истиқболи алоқамандони адаби ду кишвар қарор гирифтаанд. Навиштаҳои адабӣ ва намунаҳои ашъори ба Тоҷикистон бахшидаи Нодира Бадеӣ дар маҷаллаҳои адабии Тоҷикистон низ ба нашр расидаанд.
Дар рӯнамоӣ таъкид шуд, ки китоби тозанашри Нодира Бадеӣ моҳиятан меҳрномаест ба Тоҷикистон, ки ҳар сатр, вожа ва ҳарфи он бозгӯи ихлосу иродати муаллиф ба сармояи таърихӣ ва дастовардҳои маънавиву моддии диёри зебоманзари тоҷикон аст.
ДАР АКС: Сафири Тоҷикистон дар Эрон.
Дар суханронии Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ изҳор гардид, ки муаллифи китоб дар роҳҳои пурпечутоби дараи Варзоб бо бӯи ҳар гулу гиёҳ ҳамнафас шудааст, дар ҳар хишти бурҷу бораи қалъаҳои Ҳисору Ҳулбук нишоне аз таърихи пурбору ифтихорофарини кишварамон дидааст, дар зулоли обҳои Норак қудрати созандагии мардуми тоҷикро эҳсос кардааст, дар назди мақбараи Одамушшуаро Рӯдакӣ ва муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ аз шаҳомату бузургии шеъри тоҷикон ва форсизабонон ифтихор кардааст, дар пояи муҷтамаи таърихиву меъмории Амир Исмоили Сомонӣ бо баргардони саҳифаҳои таърихи давлату савлати Сомониён аз давраи пуршукӯҳи таърихи тоҷикон ва нақши пурдурахши он дар таърихи Эронзамини бостонӣ ёдовар шудааст, ҳангоми мурур аз марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳадафи боздид аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро аз истиқрори дӯстиву накӯҳамсоягии анъанавӣ миёни ин ду кишвар изҳори шодмонӣ кардааст.
Муаллиф дар китоб ба ҷуз аз матни суруди миллии Тоҷикистон ҳамчунин чанд шеъри худро дар васфи кишвари азизи мо ҷой додааст, ки онҳо барҳақ таҷаллии муҳаббату дилбастагии Нодира Бадеӣ ва пайванди рӯҳонии ӯ бо Тоҷикистони зебоманзар аст. Дар таъйиди ин матлаб ва ба ҳайси ҳусни мақтаи ин гузориш байтҳои зерин аз шеъри “Тоҷикистон”-и ин шоираи нозукбаёни эронӣ зикр мешаванд:
Бо ту будам ман зи оғози ҷаҳон,
Бо ту мехоҳам бимонам ҷовидон.
Чун ба домонат даровезам ба шавқ,
Тоҷикистон, меҳри худ бар ман бихон.
Дар найистони дилам хуш ҷои туст,
Нойи ҷонам, то абад бо ман бимон.
Дар нигоҳи ман бубин бо рӯшанӣ
Ҷилвае аз шӯру меҳре бе амон.
Хуни ман ҷӯшида бо хокат ба меҳр,
Бардамида шавқат аз жарфои ҷон.
Тоҷикистон, решаам дар хоки туст,
Бо ту рӯйидам зи аъмоқи замон.
ДАР АКСҲОИ БОЛО: манзараҳои Тоҷикистон ва Эрон
АМИТ «Ховар»