Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сарвари давлат дар ноҳияи Муъминобод майдончаи варзиширо мавриди истифода қарор доданд

Сарвари давлат дар ноҳияи Муъминобод майдончаи варзиширо мавриди истифода қарор доданд

10-09-2019, 10:39
Хабарро хонданд: 173 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон инчунин майдончаи варзишиеро, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ- 28- умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар масоҳати умумии 1025 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд карда шудааст. Инчунин дар шафати майдончаи варзишӣ барои машқу тамрин ва обу тоби бадан беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Майдончаи варзишӣ бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дар он қариб 15 адад чароғҳои хурду бузурги равшанидиҳӣ насб карда шудаанд. Илова бар ин, барои зебогии атрофи иншоот 30 ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан ва 2500 бех гулҳои зебои мавсимӣ шинонида шудаанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити иншооти мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои наврасону ҷавонони ноҳияи Муъминобод дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Муъминобод даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.

Қобили тазаккур аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагиии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод корҳои созандагиву ободонӣ босуръат идома дошта, то соли 2021 дар ҳудуди шаҳрак ва ҷамоатҳои ноҳия бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз даҳҳо чунин иншооти муосири варзишӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: