Мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Файзбахш»23-08-2019, 09:51
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Файзбахш”-ро ифтитоҳ карданд.
Бинои навбунёди 2-ошёнаи кӯдакистон аз маҷмӯи иншооти асосӣ ва ёрирасон иборат мебошад. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино 8 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 8 ҳуҷраи хоб ва ошхона мавҷуд аст. Толорҳои варзишӣ ва мусиқӣ дар таҳхонаи бино ҷойгир шудаанд. Кӯдакистон имкон дорад ҳамарӯза 300 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад, ки ин раванд дар амалӣ шудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат менамояд. Муассисаи томактабии “Файзбахш” дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи бонуи соҳибкори ноҳия Отиной Бутаева бо беҳтарин шароити таълиму тарбия сохта шудааст. Таълиму тарбия дар кӯдакистон бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Масоҳати умумии кӯдакистон 25 садякро ташкил намуда, худи бино дар масоҳати зиёда аз 1609 метри мураббаъ сохта шудааст. 4 айвончае, ки дар саҳни ҳавлии боғча ба таври зебову назаррабо сохта шудаанд, барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакони ин боргоҳи таълиму тарбия бисёр мувофиқанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи томактабӣ шумораи боғчаҳои кӯдакона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба 25 адад расид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар Кӯдакистони хусусии “Файзбахш” ба сифати корҳои бунёдӣ ва шароити ин муассиса баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов маънидод намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.