Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Амфитеатрро дар ноҳияи Ховалинг мавриди истифода қарор доданд

Пешвои миллат Амфитеатрро дар ноҳияи Ховалинг мавриди истифода қарор доданд

8-08-2019, 08:57
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат  Амфитеатрро дар ноҳияи Ховалинг мавриди истифода қарор доданд
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия Амфитеатрро, ки барои ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 4 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саймумин Юсупов бунёд шудааст.

Амфитеатр бо тарҳи зебову муосир бунёд гардида, барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ имкони мусоидеро фароҳам кардааст.

Дар рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкур, ки моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд, 30 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи ин иншооти фарҳангиро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд ва масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ташкили барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ барои сокинон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Барои ҳунармандон дар ин амфитеатри навбунёд шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҳамчунин ду утоқи корӣ ва ивазнамоии либоси ҳунармандон низ дар он мавҷуд аст.

Атрофи ин иншооти фарҳангию фароғатӣ бо як завқи баланди зебоипарастӣ гулкорӣ карда шудааст.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, туҳфаи арзандае ба сокинони ноҳияи Ховалинг маҳсуб меёбад.

Имрӯзҳо дар ноҳияи Ховалинг аз ҷониби соҳибкорону шахсони ватандӯст баҳри ободии ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди созандагиҳо вусъат дода мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: