Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » 9 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

9 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

3-09-2019, 09:16
Хабарро хонданд: 485 нафар
Назарҳо: 0
9 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо (ITF) дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон, собиқадорон ва ҷавонон 9 медал, аз ҷумла 2 медали тилло ба даст овард.
21-ум Чемпионати ҷаҳон оид таэквондо (ITF) миёни калонсолон, собиқадорон ва ҷавонон 24-30 август дар шаҳри Пловдиви Булғория баргузор шуд. Дар чемпионат 1421 варзишгар аз 75 давлат иштирок карданд. Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа 29 нафар миёни калонсолон ва ҷавонон иштирок карда, ба гирифтани 9 медал – 2 тилло, 3 нуқра, 4 биринҷӣ - мушарраф шуданд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ доданд, медалҳои тиллоро Муҳсинҷон Муллоҷонов ва Сиёвуш Иброҳимов ба даст оварданд. Муҳсинҷон дар вазни -52кг миёни мардон дар даври гурӯҳӣ нахуст аз варзишгари Ҷопон шикаст хурд, баъдан бар намояндагони Юнон ва Канада пирӯз гардида, дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол намуд. Ӯ сипас дар нимфинал бар варзишгари Узбекистон ва дар финал бар варзишгари Кореяи Шимолӣ ғалаба кард. Сиёвуш дар вазни -71кг миёни мардон дар даври гурӯҳӣ бар варзишгарони Украина ва Камбоҷа, дар чорякфинал бар намояндаи Молдова, дар нимфинал бар варзишгари Юнон ва дар финал бар варзишгари мизбон – Булғория ғолиб омад.
9 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН
Медалҳои нуқраро аз рӯи барномаи “Дифоъ аз худ” (Self Defense) сегонаи Сабина Тюраева, Алишер Ахмедов, Муҳаммад Давлатшоев миёни калонсолон, аз рӯи барномаи “Пас” (Rear) Оятулло Асадуллозода миёни ҷавонони 16-17-сола ва Мансур Шодмонов дар вазни -45кг миёни ҷавонони 14-15-сола сазовор гаштанд.
Ба иттилои манбаъ, Алишер Ахмедов дар вазни -58кг миёни мардон, Муъминҷон Нуров дар вазни -50кг миёни ҷавонони 14-15-сола, Сино Иброҳимов дар вазни -51кг ва Муфара Ҳалимова дар вазни -52кг миёни ҷавонони 16-17-сола ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф гаштанд.
Ибодуллоҳи Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: