Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Афзоиши ҳамлу нақли маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия

Афзоиши ҳамлу нақли маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия

28-01-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 359 нафар
Назарҳо: 0
Афзоиши ҳамлу нақли маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия
Мақомоти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» эълон карданд, ки мизони содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2015 ба Русия ва Қазоқистон афзоиш ёфтааст.

Баҳром Шодиев, муовини якуми раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» рӯзи 27 январ дар нишаст ба хабарнигорон гуфт: -Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли гузашта 187 ҳазору 727 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 ба андозаи 19 ҳазору 817 тонна зиёд аст.

Вай афзуд: - Афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли маҳсулоти кишоварзӣ ба воситаи роҳи оҳан аз ҳисоби содироти пиёз – 108 ҳазору 706 тонна, турб - 1966 тонна, сабзӣ – 2612 тонна ва хурмо 2980 тонна ба амал омадааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ содироти молҳои хоҷагии халқ 601 тоннаро ташкил дода, ки нисбат ба як соли пеш 134 ҳазор тонна зиёд аст.

Ҳамзамон мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки боркашонии транзитӣ бо истифода аз роҳи оҳан дар давраи ҳисоботӣ 4 миллиону 939 ҳазор тоннаро ташкил дода, ки нисбати соли 2014 ба миқдори 134 ҳазор тонна кам мебошад.

Ба ақидаи коршиносон, бекор шудани баъзе мавориди маҳдудкунандаи воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия омили асосии афзоиши ҳаҷми содирот ба ин кишвар ва ҳамунин ба Қазоқистон будааст. Таври маълум ниҳодҳои давлатии Федератсияи Русия ин маҳдудиятҳоро пас аз бад шудани равобиташ бо Туркия дар моҳи ноябри соли 2015 ва бо эълони таҳрим ба воридоти маҳсулоти туркӣ мавриди иҷро қарор дод.

Аз сӯи дигар, иқдоми Роҳи оҳани Тоҷикистон барои сабук кардани таруфаи ҳамлунақлӣ барои тоҷирону соҳибкорон ва кишоварзон ҳам яке аз сабабҳои афзоиши интиқоли маҳсулот ба воситаи роҳи оҳан дар соли гузашта шудааст.

Бар асоси пешниҳоди КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тоҷирон, соҳибкорон ва кишоварзони ватанӣ дар тамоми соли гузашта барои ҳамлу нақли маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ дар дохил кишвар ва инчунин ба хориҷ аз 20 то 50 дарсад маблағи камтар пардохт мекарданд.
©С.Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: