Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истеҳсоли пахта кам шуд

Истеҳсоли пахта кам шуд

22-01-2016, 15:52
Хабарро хонданд: 432 нафар
Назарҳо: 0
Истеҳсоли пахта кам шуд
Пахта яке аз ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон дар соли 2015 нисбат ба соли пеш 99 ҳазор тонна камтар истеҳсол шудааст.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Зокирзода Муҳаммадтоир Зоир рӯзи 22 январ зимни нишасте ба хабарнигорон гуфт, ки хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат дар соли гузашта 270 ҳазору 41 тонна пахта истеҳсол карданд, ки нисбати соли 2014 99 ҳазор тонна кам аст.

Вай зимни шарҳи сабабҳои коҳиши ҳаҷми ин маҳсулоти стратегӣ чанд омилро зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, поин рафтани нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ, дар таносуб ба солҳои дигар гарм омадани ҳаво дар минтақаҳои пахтакор, аз ҷумла дар ноҳияҳои водии Вахш, гарон шудани нархи нуриҳои минералӣ ва кимиёӣ аз сабабҳое буданд, ки ба натиҷаи ниҳоии кори кишоварзон дар ин соҳа таъсир гузоштанд.

Вай ёдовар шуд, рамзгузорӣ (кодировка)-и нархи пахта, ки дар солҳои 2010-2011 боло рафта буд, мутаассифона дар солҳои ахир 65-70 зина пойин омад ва арзиши аслии ин маҳсулотро ҳам коҳиш дод.

Бино ба омори дар ин нишаст эълоншуда, соли равон дар масоҳати 188 ҳазор гектар замин тухми пунба кишт мешавад, ки нисбати соли 2015 қариб 30 ҳазор гектар зиёдтар хоҳад буд.

Поин рафтани мизони истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки бино ба гузориши вазорат навъҳои дигари маҳсулот, аз ҷумла картошка, сабзавот, полезиҳо, шир, асал, моҳӣ, тухм дар давраи ҳисоботӣ аз 2,1 то 9,5 дарсад афзоиш ёфтааст.
©Ю.Солеҳ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: