Муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Қудрат 2010» дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ20-08-2019, 17:00
Хабарро хонданд: 143 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Қудрат 2010» иштирок карданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Корхонаи ангишти Ғузн соли 2017 таъсис ёфтааст. Айни ҳол дар корхона 35 нафар сокинони маҳаллӣ дар ҷараёни истихроҷи ангишт ба кор чалб карда шуда, бо маоши хуб таъмин гардидаанд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин авалин маротиба аст, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ангишт истеҳсол карда мешавад. Тибқи маълумот, корхона дар як сол то 10 ҳазор тонна иқтидори истеҳсолии истихроҷи ангиштро доро мебошад. Роҳбарияти корхонаи ангишти Ғузн ният доранд бо ворид намудани технологияҳои муосир иқтидори истеҳсолии корхонаро то 100 ҳазор тонна зиёд карда, ҳаҷми истихроҷи ангиштро бештар намоянд ва 120 нафарро бо ҷойи кор таъмин кунанд. Тибқи маълумоти тадқиқотию геологии гузаронидашуда, захираи умумии ангишт дар кони Ғузн 27 миллион тонна мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.