Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ “Моҳир Семент” дар ноҳияи Ёвон26-08-2016, 13:18
Хабарро хонданд: 339 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳир Семент” иштирок кард. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши таҷҳизоти рамзӣ ба фаъолияти дуюмин корхонаи бузурги истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон асос гузошт. Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳир Семент” бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷураханов дар майдони 22 гектар бунёд гардида, барои сохтмони он сармояи умумӣ дар ҳаҷми 958 миллион сомонӣ ҷалб шудааст, ки 35 фоизи ин маблағ саҳми соҳибкори ватанӣ ва боқимонда 65 фоиз сармояи хориҷӣ мебошад. Дар заминаи корхонаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои умумӣ бунёду ба истифода додани коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ бо маблағи 120 миллион сомонӣ ва иқтидори 1 миллион метри квадратӣ дар як сол ҳамчунин бунёди коргоҳи истеҳсоли халтаҳои қоғазӣ бо маблағи 80 миллион сомонӣ ва иқтидори 80 миллион халта дар як сол дар назар дошта шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона ба 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар як сол баробар буда, оянда дар он ва ду корхонаи дигари дар марҳилаи дуюм бунёдшаванда 850 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Дар корхона муосиртарин таҷҳизоти технологии пешқадамтарин ширкатҳои хориҷӣ васлу насб шуда, раванди истеҳсолот аз тариқи дастгоҳҳои электронӣ танзим ва назорат карда мешавад. Тавре иттилоъ дода шуд, дар корхона навъҳои 400, 500 ва 600-и семент истеҳсол шуда, он аз ҷиҳати навъи истеҳсол ва таҷҳизоти корӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҳузури аҳли заҳмати ин корхонаи бузурги саноатӣ, бунёди онро идомаи тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкории ватанӣ ва бахши хусусӣ, инчунин иқдомҳои муассир дар роҳи гузаштан ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва кам кардани шиддати маҳсулоти воридотӣ арзёбӣ намуд. facebook twitter |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.