Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАНФАТҶУИИ ҶОМЕАИ БАШАРӢ БА КИРДОРИ ГАЛАИ ГУРГОН ШАБОҲАТ ДОРАД

МАНФАТҶУИИ ҶОМЕАИ БАШАРӢ БА КИРДОРИ ГАЛАИ ГУРГОН ШАБОҲАТ ДОРАД

13-08-2019, 11:27
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
МАНФАТҶУИИ ҶОМЕАИ БАШАРӢ БА КИРДОРИ ГАЛАИ ГУРГОН ШАБОҲАТ ДОРАД Чанд рӯзе қабл дар сарҳади Тоҷикистну кишвари ҳаммарзи мо Қирғизистон муноқишае кӯчаке сурат гирифт. Бар асари ин муноқиша як тан сокини минтақаи Ворӯх ба ҳалокат расида дар зимн сокинони ҷониби Қирғизистон низ зарари ҷисмонӣ диданд. Ин муноқишаи содиргардида, вокуниши тунди ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба бор оварда, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба ин мавзеъи кишвар ва мамлакати Қирғизистон сафари расмӣ анҷом доданд. Вазъият дар марз айни замон ором арзёбӣ мегардад. Вобаста ба ҳодисаи рухдода аз ҷониби сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои 100-150 нафар, ки назару андешаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ байён карда буданд, дигар вокуниши ҷиддие нишон дода нашуд. Шояд ҳамин гуна таҳаммулпазирӣ буд, ки ин мушкил бо анҷом додани сафари расмии сарвари давлат ба Ворӯх ҳаллу фасли худро ёфт, аммо гумон мекунем, ки ҳимояи марзу буми ватан қарзи ҷавонмардии ҳар як Тоҷикистонӣ аст.
Ин гуфтаҳо дар ҳолеанд, ки бо созмон ёфтани гурӯҳи нохалафу номубораке бо номи «Давлати Исломӣ» дар Ироқ ва Сурия наздики 1900 нафар ҷавонмардони гумроҳу кутоҳандеши мо, ки баъзеанош бо зану фарзанди худ, бо иддаои ба қавле хилофати исломӣ вориди ин сарзаминон шуданд, боиси таасуф аст. Дар чунин ҳол банда дар таасуф афтодам, ки зимни содир гардидани бетартибии навдатӣ дар марзи кишвари мо ба истиснои тақрибан як гурӯҳи кучаки сокинон, ки баъзеашон дар хориҷи мамлакат қарор дошта тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ норозигии худро аз мардуми дусту бародари қириз байён карда буданд, дигар вокуниши ҷиддие ба амал наомад. Агар мо ин ҳама боҷуръату соҳибғурур ҳастем, пас чаро дар ҳифозати марзу буми ватан худро қурбон намесозем, балки ҷиҳати ба мақсуд расонидани аҷнабие дар мамолики дигар саъй меварзем, ва дар хонасӯзии мусалмони дигар саҳм дорем?
Ин ҳама ватансолории баъзе аз ҷавонони мо дар он зоҳир мегардад, ки бо шурӯъ шудани мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ, ки онро ба истилоҳ «хизмат ба модар ватан» мешуморем, аз ҷониби баъзе ҷавонони мо баҳонаҳои бешуморе пеш оварда мешавад, то адои хизмат накунанд ва дар зимн аз шомил шудан ба сафи қушунҳои сарҳадӣ сарпечӣ менамоянд. Дар ин ҳолат мақомотро зарурат пеш меояд, ки баъзе аз ҷавононро маҷбуран яъне бо ирсоли даъватномаиҳои зиёд ба зихмати ҳарбӣ равона созанд, ки чунин ҳолатҳо дар ҳама мавсими даъватӣ дар сархати расонаҳои иттилоотии хусусиву ҷамъиятӣ ва ҳатто давлатӣ қарор мегирад. Ҳамин аст, боғурурӣ ва ватандустӣ? Ин дар ҳолест, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳонӣ ҷавонон ҷиҳати адои хизмати ҳарбӣ ҳатто навбат низ мепоянд. Аммо дар мо чӣ?
Дар шабакаҳои интернетӣ он ҳама роликҳои тарғиботӣ, дар сатҳи баланд муаррифи намудни ҷасорат, мардонагӣ ва чусту чолокии ходимоти мақомоти қудратии миллати чеченро кас мушоҳида намуда, дар ҳайрат меояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки миллатдустиву ҷасорати ин қавм, ки ҳамагӣ зиёда аз 1,6 миллион нафарро ташкил медиҳад, миёни дар умум ҷомеаи сайёра шуҳрат ва манзалати хоссаеро касб намудааст, аммо ҳамагӣ шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба ин шумор гуфта мешавад. Бо ҷасорату мардонагӣ миллати чечен дар Русия соҳибмартаба аст, аммо миллати мо чӣ?
Куҷоанд, муаррифони ватану миллат, куҷоанд фарзандони боғурури модари тоҷик? Куҷоанд пайравони нобиғагони миллат? Фармудаву таълимоти нобиғагони миллати мо, то ба ҳол дар илмҳои медидсинаву нуҷум, физикаву сиёсатшиносӣ ва дар умум илмҳои дақиқ мавриди омӯзиши уламои сайёр қарор доранд, аммо мо пешрафти илму технолгияро аз мамолики дигар меомузем, дар ҳоле, ки саркардагони ин ҳама илмҳо фарзандони миллати тоҷик буданд.
Эъломияи сулҳу субот ва давлатдориро ҷаҳон аз Куруши Кабир омухт, ки он тоҷик буд. Дар тули таърих миллати тоҷик соҳибтоҷ, соҳибдавлат буд, ғуруру матонату мардонагии фарзандони он боиси ибрат буданд. Аммо имрӯз ҳукуматдорони мо зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз паи озод намудани сокинони мо аз хурофоту бегонапарасӣ афдтодаанд. Албатта манзури мо на ҳама сокинони кишвар аст.
Агар мо назаре ба воқеоти хунини таърихи афканем дар меёбем, ки дар воқеъ миллати тоҷик дар гузашта ба шикасту рехтҳои зиёде рӯ ба рӯ шудааст.
Таърих собит менамояд, ки истилогарони араб дар бомдоди паҳнамоии дини Ислом, бо суистифода аз дин ва паҳнкунии он зимни ҳуҷум ба Осиёи Миёна ҷабру ситамҳои зиёдеро бар болои миллати тоҷик раво дидаанд. Миллати тоҷик, ки соҳибдавлат, китобдору фарҳангсолор буд, ин ҳама дастовардҳои маънавии моро ба коми оташ ҳавола намуданд. Аммо зарбаи ҷонкоҳи дигар дар қарни XIII аз ҷониби муғулҳо содир гардидааст. Сар карда аз оғози қарни XIII то ба охирҳои асри XIX муғул бар сари миллати тоҷик ҳоким буд. Воқеоти таърихӣ нишон медиҳанд, ки муғулҳо нисбат ба миллати тоҷик бо кинаву адоват ба пешрафти илму маданият ва ҳатто ба ғуруру мардонагӣ ва ҷасорату миллатсолории он зарбаҳои ҷонкоҳе задаанд. Ин ҳама воқеоти талхи таърихӣ ба рушду нумӯи миллати мо монеҳои зиёдеро дар пеш гузоштааст. Бо запт гардидани Осиёи Миёна аз ҷониби Руссияи Подшоҳӣ то ба як андоза миллати тоҷик аз зулми муғулҳо раҳо ёфт. Аммо миллатҳои дигари минтақа ҳеҷ намехостанд дар фазои Иттиҳоди Шуравии гуногунмиллӣ, миллате бо номи тоҷик вуҷуд дошта бошад. Ин ҳолат албатта омилҳои худро дошт.
Бо ҳамин минвол бо ҷоннисориҳои фарзандони миллати тоҷик ва бо навишта шудани китоби таърихии “Тоҷикон” ба ҳукуматдорони Иттиҳоди Шӯравӣ исбот гардид, ки дар таърихи башарӣ миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуне бо номи тоҷик, ки дорои бугуртарин давлат дар замони худ, ки он ҳам “Сомониён” буд, ҷудуд дорад. Имрӯз бо амри тақдир миллати тоҷик соҳибдават аст .
Хуллоса , аз замони шуҳратёр гардидани ин миллат, мухолифон бо роҳҳои ноҷавонмардӣ аз паи нобудии ин қавм шудаву чӣ зарбаҳои ҷонкоҳеро ба рушди зеҳниву ақлонии мо задаанд. Аммо имрӯз тоҷик боз ҳам соҳибдавлат аст. Замони мардонагуву ҷасорат ва ҳифозати марзу буми ватан, муаррифии тоҷики тоҷбарсар даррасид. Барои бунёди ояндаи дуррахсон бояд талош намуд.
Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: