Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллати тоҷик ва Тоҷикистони соҳибистиқлол нобахшиданист

Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллати тоҷик ва Тоҷикистони соҳибистиқлол нобахшиданист

28-01-2019, 10:18
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
Хиёнати    ТТЭ ҲНИ ба миллати тоҷик ва Тоҷикистони соҳибистиқлол нобахшиданист

Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ дар қарни XXI ба дараҷаи нигаронкунанда афзоиш ёфта, ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ барои гурӯҳҳои муайян, созмону ташкилот ва давлатҳои абарқудрати замон ба яроқ ва василаи баровардасозии манофеъ мубадал гаштааст. Вақт чун довари ҳақиқӣ нишон дод, ки ин яроқи ҷадиди замон тавонист барои ихтироъкорони худ арзишмандона хидмат намояд ва дар зери фаъолияти худ, амалҳои харобкориву нобудзошӣ, қатлу куштори бераҳмона, ба доми нести равона кардани тамаддун ва таърихи як қатор кишварҳову миллатҳо ба бор оварад. Фарқияти байни аслиҳаи ҷангии қаблӣ ва имрӯза он аст, ки дар гузашта истифодабандаи аслиҳа ҷангӣ ном бурда мешуду аслиҳаи ҷангӣ яроқ, аммо имрӯз ҷанговарони гурӯҳҳои терроистӣ номи яроқро касб намудаанд, яроқи ҷадиди замони муоссир, ки он ҳам сафкашидагони созмонҳои террористӣ экстремистӣ аст, ҳаракаткунанда ҳастанд ва дар бештари ҳолат як маротиба истифода мешаванду нобуд мегарданд. Боиси таасуф аст, ки имрӯз инсон номи яроқро гирифтаву ба ҷойи он истифода мегардад. Андуҳовар он аст, ки ин гуна афрод маҳз ҷавонон ва тоифаи осебпазир аз миёни мусалмонон мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб, ба доми сеҳргароёнаи ташкилгарони созмонҳои террористӣ гирифтор шудани баъзе ҷавонон дар умум кишварҳои сайёраро фаро гирифтааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин мушкили дар канор нест. Вокеан ташкили гурӯҳҳои террористӣ экстремистӣ зуҳуроти худтавлидёфта набуда, балки стратегияе мебошад, ки тули 100 солаҳо тарҳзери гардида, ТТЭ ҲНИ (Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом) яке аз шохаи дар айни замон номуваффақи он мебошад.

Гузашти замон собит намуд, ки ТТЭ ҲНИ замони зуҳур ёфтан, ҷиҳати роҳ ёфтан миёни мардум ва давра ба давра ба доми худ кашидани қишри осебпазир, дар исми худ номи дини Ислом-ро ҷой дод ва маҳз бо ин амал то андозае ҳадафҳои худро роҳандозӣ намуда, миёни ҷомеа зери парчами Ислом ворид гардид. Баъдан айён гашт, ки зери ин унвон “Ташкилоти экстремистӣ террористии ҲНИ” амалҳои зишту харобкорӣ, хиёнату мардумфиребӣ, афрохтани алангаи оташи ҷанг ва дар заминаи он ба миён гузоштани хунрезиву қурбониҳо ниҳон аст.
Вокеан ҳам мо намехостем вобаста ба таҳлили амиқи сиёсати фаъолияти ин гурӯҳи террористӣ даст бизанем, чун фаъолони ин гурӯҳ ва худ ин ташкилот дар тули маҷвудияташ арзиши дар доираи баҳси барномаи мо ҷой гирифтанро надорад. Ташкилоти экстремистӣ террористии ҲНИ дар тули фаъолияти хеш миёни ҷомеаи Тоҷикистон ҳеҷ амали солеҳу манфиатовареро пешаи худ накардааст ва дар роҳи мухолиф будан низ аз сиёсати амиқ кор нагирифтааст, ки мавриди баҳси мо бошад. Вале бо он ҳама иддаҳои бардуғуе, ки гоҳу ногоҳ дар шабакаҳои интернетӣ мушоҳида мегардад, мо зарур шуморидем, то бори дигар мардуми сарбанади тоҷикро аз фаъолияти бемантиқу разилонаи он аз замони пайдоиш то ба охирин рӯзҳои фаъолияташ огоҳ созем.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ТТЭ ҲНИ таи солҳои 80-уми қарни гузашта зери фаъолияти ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар бахусус давлатҳои исломӣ, ки бевосита ба шуури эшон таълимоти бегонапарастиву ифротгароёна ҷой гирифта буд, ташкил гардид. Баробари пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ, фаъолони ТТЭ ҲНИ зери сарпарастии хоҷагони хориҷии худ дар фазои сиёсии кишвар стратегияҳои ҷангҷуёнаву харобкориҳоеро, ки қаблан берун аз мамлакат тарҳрезӣ шуда буданд, кушиши амалӣ намуданро карданд. Билохира фаъолони ин гурӯҳи ҷиноӣ тавонистанд, фазои сиёсии Тоҷикистони тозаистиқлолро печида гардонида, дар заминаи он зери супоришҳои хоҷагони аҷнабии худ, дар Тоҷикистон алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро фурӯзон намоянд. Ин гурӯҳ ба ваъдаҳои осмонии мубаллиғони худ, ки гуё дар Тоҷикистон давлати исломиро ташкил намуда, эшонро сари қудрат меоваранд ва худ шоҳу таъбашон вазир хоҳад шуд дода шуда, шуури табақаи осебпазири ҷомеа бахусус як қатор ҷавонони мамлакатро ба ақидаҳои бегонапарастиву ифротгароӣ олуда намуданд. Маврид ба тазаккур аст, ки аз рӯи таълимот дини Ислом ба шакли давладорӣ иртиботе надорад ва ташкили давлат дар низоми исломӣ ба ин дин асоснок нест, албатта ин мавзӯъ аз таҳси имрӯзаи мо хориҷ аст, бо ин иллат ба мавзуи баҳси худ бар мегардем.
Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, бо сиёсати пешгирифтаи худ ТТЭ ҲНИ сабабгори қурбонии даҳҳо ҳазор тоҷикистонӣ гардида, садҳо ҳазори дигарро берун аз ватан гардонид ва даҳҳо ҳазори дигарро ятиму бепарастор, инчунин шумраи зиёди дигарро бехону мон сохт.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар муддати начандон тулонӣ оташи чанги таҳмилии шаҳрвандиро хомуш намояд. Ба даст овардани ваҳдати миллӣ дубора мардуми тоҷикро сарҷамъ намуда, бо раҳмдилӣ ва ватансолорӣ миллати тоҷик, ин гуноҳи азими фаъолони ТТЭ ҲНИ -ро авф намуд.
ТТЭ ҲНИ, ки дастпарвари кувваҳои аҷнабӣ буданду ба тариқи ин қувваҳо пӯшиши молӣ медиданд, боз гуё ба тариқи пинҳонӣ аз паи амали намудани стратегияҳои ифротгароёнаи худ пайроҳа бунёд намуданд, ки ин ҳолат албатта аз назари мақомоти қудратии кишвар ва чеҳраҳои сиёмии мамлакат ғоиб намонд. Ҳамин гуна фаъолони ин гурӯҳи ҷиноӣ тули солиёни дароз бо маблағи хориҷиён фаъолияти бемантиқи худро пеш мебурданд ва шояд боре ҳам наандешидаан, ки замоне мубаллиғон бар ивази маблағҳои худ амали нангини навбатиеро талаб хоҳан намуд. Билохира ин ташкилоти террористӣ соли 2015 хостори табаддулоти навбатии худ, ки ба ҷуз як чанд нафар кӯтоҳандешон дигар дастгирие наёфт ва рӯ ба гурез ниҳод.
ТТЭ ҲНИ, ки аз оғоз бо ба имрӯз аслан қобилияти фаҳмиши амалҳои худро надошт ва то ба ҳол надоранд, танҳо як амалеро пешаи худ карда буд, ки ҳам тазоҳурот аст.
Аввалин маротиба тазоҳуроти бемантиқи ин гурӯҳи ҷиноӣ дар солҳои 80-уми асри гузашта, ки Мулло Абдулло бар муқобили Ҳукумати Шӯравӣ анҷом дода буд, маҳсуб меёбад. Ҳарчанд дар митинги мазкур Мулло Абдулло муваффақ нагашта, аз ҷониби мақомоти вақти Шӯравӣ боздошт ва маҳбасӣ гашта бошад ҳам, дар гирдиҳамоиҳову майдонбозиҳои солҳои 90-уми асри гузашта анҷом додаашон то андозае муваффақ гаштанд, ки натиҷаи он ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мебошад.
Ҳамин гуна ТТЭ ҲНИ моҳи декабри соли сипаригардида дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Олмон тазоҳуроте ташкил намуд, ки боз ҳам ҷонибдориеро ба даст наовард.
Мо имрӯз шоҳиди онем, ки ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоиву баъзе аз сомонаҳои ғайрирасмии таблиғкунандаи акоиди ифротгаро фаъол гаштааст. Гумон меравад, ки ташкили гуё ин ё он тазоҳурот танҳо барои вонамуд кардани фаъолияти онҳо барои хоҷагон ва таъсисдодагонашон мебошад, чун ба чуз ин амал ТТЭ ҲНИ дигар чорае надорад.
Дар воқеъ ТТЭ ҲНИ як доғи сиёҳе дар таърихи давлату миллати тоҷик аст. Аз фарде, ки Ватан, миллат ва ҳатто дину мазҳаби худро фурӯхт, ҳама чизро метавон интизор шуд. Зеро барои касе, ки мавқеи имонияшро се маротиба тағйир дода, аз мазҳаби ҳанафӣ ба мазҳаби ваҳҳобия, аз ваҳҳобия ба шиаи имомӣ гузашт ва ҳоло акнун аз номи Ислом рӯ гардонидан исботи он аст, ки ин гурӯҳи ҷиноӣ ба ҳеҷ адёне рабте надошта, мақсад якест амали намудани орзову ормонҳои хоҷагони хориҷии худ аст. Ии хулосабарориҳо аз гуфтаҳои худи Кабирӣ ҳастанд, ки ӯ гуфта буд омодаанд, ки ҳар лаҳза бо ҳар номи дигар зуҳур кунанд.
Мо ҳамаги хуб медонем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қувваҳои аҷнабӣ маҳс тавассути ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ташкил намуданд, ки дар он беш аз 150 ҳазор мардуми бегуноҳ қурбон гардид. Зарбаи бар синаи миллати тоҷик задаи фаъолони ин ҳизб фаромушнопазир аст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хиёнати фаъолони ТТЭ ҲНИ бар миллати худ огоҳ ҳастанд, аммо ин ҳама иддаоҳои Муҳиддин Кабирӣ иштироки он дар конфронсҳои байналмиллалии хориҷ аз кишвар ва ташкили гирдиҳамоиҳои бемантиқ чи ҳадаф дошта бошад, суоли норавшан боқи мемонад. Замоне мо шоҳиди он хоҳем гашт, ки ин гурӯҳи ҷиноӣ қодири иҷрои ҳеҷ амали дилхушкунандаи сарпарастони худ нахоҳад буд ва ба зудӣ фаъолони он аз ҷониби таъсисдодагонашон яъне сарпарасону хоҷагони худ нобуд хоҳанд шуд.

Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: