Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Чандраяан-2» қутби ҷанубии моҳро меомӯзад

«Чандраяан-2» қутби ҷанубии моҳро меомӯзад

5-08-2019, 17:01
Хабарро хонданд: 150 нафар
Назарҳо: 0
     «Чандраяан-2» қутби ҷанубии моҳро меомӯзад
Ҳиндустон киштии кайҳонии «Чандарян 2»-ро бо мувафаққият ба самти моҳ партоб кард. Он пас аз 23 рӯз тай кардани мадори замин ба мадори моҳ мерасад. Ин бори аввал аст, ки киштии кайҳонӣ аз ҷониби Созмони таҳқиқоти кайҳонии Ҳиндустон (ISRO) ба қабати моҳтоб ворид мегардад. Пас аз анҷоми ин маъмурият Ҳиндустон чорумин давлати абарқудрат ба ҳисоб меравад, ки баъд аз се кишвар, аз ҷумла ИМА, Русия ва Чин дастоварди мазкурро соҳиб мешавад. Ба шарти муваффақ шудани “Чарндарян 2”, ки 145 млн доллар арзиш дошт, дар таърих якумин киштии кайҳонӣ маҳсуб мешавад, ки дар қутби ҷанубии моҳ фуруд меояд.
Бояд гуфт, ки нахустин бор дар таърихи фазопаймоиҳои Ҳинд маъмурияти байнисайёраро ду зан роҳбарӣ мекунанд. -Мутхайа Ванита мудири пажӯҳиш ва Риту Кардихал мудири амалиёт. Ин омил мушкилтарин маъмурияти созмони таҳқиқоти кайҳонии Ҳиндустон (ISRO) арзёбӣ мегардад. Мудирияти созмон онро «Оғози сафари таърихии Ҳинд ба моҳ» унвон кардаанд. Ҳангоми ба кор андохтани Чандраян-2, Сарвазири Ҳиндустон изҳор доштааст, ки роҳандозии он 2 далели муваффақияти олимони Ҳиндустон, инъикоси маҳорати 130 нафар шаҳрвандони ин кишвар дар густариши марзҳои нави илм, ба ҳисоб меравад ва чунин лаҳзаҳои махсус дар саҳифаҳои таърихи Ҳинд сабт хоҳанд шуд.
"Чандраян-2" кӯшиш хоҳад кард ба қутби ҷануби моҳ, ки ҳанӯз хуб таҳқиқ нашудааст, фуруд ояд. Ин ҳайат иттилоотро дар бораи мавҷудияти об, маводҳои маъданӣ ва чигунагии ташкили санг дар сатҳи моҳро меомӯзад. Инчунин ҳадафи “Чандраян-2” таҳия ва нишон додани технологияҳои калиди, аз ҷумла фуруди бомувафаққият ва гардиш дар сатҳи моҳ мебошад. Маъмурияти мазкур дар пешравии илм ба васеъ намудани донишҳои мо дар бораи моҳ тавассути омӯзиши ҳамаҷонибаи топография, минералогия, таркиби кимиёвии рӯизаминӣ, хусусиятҳои физикӣ ва атмосфера, ки боиси фаҳмидани бештари пайдоиш ва рушди моҳтоб мегардад, мусоидат мекунад.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: