Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Афғонистон: Даъвогарони як курсӣ

Афғонистон: Даъвогарони як курсӣ

1-08-2019, 09:47
Хабарро хонданд: 295 нафар
Назарҳо: 0
Ахиран рӯзи 20 январи соли равон сабти номзадҳо ба мақоми президентӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон ба поён расид. Комиссияи Марказии интихобот, ки ин маъракаи муҳимро ба таъхир гузошта буд, эълон кард, ки интихоботи мазкур рӯзи 20 июл баргузор мегардад. Аммо боз аз нав давраи интихоботи президентӣ ба таъхир афтод ва мувофиқи қарори Суди Олии Афғонистон интихоботи президентӣ ба 28 сентябри соли ҷорӣ во гузошта шуд. Мувофиқи маълумоти расонаи иттилоотии «Афғонистон.Ру» мебоист 22 июни соли ҷорӣ ваколату уҳдадориҳои президент ва ҳукумат ба анҷом мерасид, аммо бо сабаби ба давраи дигар гузаронидани интихобот ин амал ба анҷом нарасид ва байни мухолифини ҳукумат норизогиҳои зиёдеро ба миён овард.
“Амрико мақсад дорад, ки барои давраи интихоботи президентии Афғонистон 29 миллион доллар ҷудо намояд”- иброз дошт сафири Амрико дар Кобул Ҷон Басс.
Ҳамин тариқ, тибқи иттилои расмӣ 17 нафар номзад ба ин мақоми олӣ сабти ном гардида, ҳуқуқи ширкатро дар он соҳиб шуданд. Ҳамаи ин номзадҳо мувофиқи талаботи Қонуни интихоботи президентӣ дар Афғонистон барои сабти ном шудани худ 100 ҳазорӣ имзо ҷамъ оварданд.
Коршиносон ба ин назаранд, ки дар миёни ин ҳама номзадҳо чанд нафари маҳдуд имкони бештари пирӯз шудан дар ин сабқати сиёсиро доранд, аз ҷумла президенти кунунии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва садри аъзами ҳукумати ин кишвар доктор Абдулло Абдулло.
Бояд гуфт, ки нахустин интихобот дар Афғонистон соли 2004 баъди суқути “Аморати исломии Афғонистон”, ки он аз ҷониби ҳаракати Толибон дар соли 2006 таъсис ёфта буд, баргузор гардид.
Дар моҳи октябри ҳамон сол раиси Ҳукумати муваққатӣ Ҳомид Карзай пирӯзӣ ба даст овард ва дар ду давр роҳбарии кишварро ба уҳда дошт. Баъдан дар соли 2014 ӯ ба истеъфо рафт ва интихоботи навбатӣ баргузор гардид, ки дар он ду нафар -Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло раъйи бештарро ба даст оварданд.
Аммо ин интихобот ҷанҷолбарангез шуд, зеро доктор Абдулло даъво пеш овард, ки ғолибиятро ӯ ба даст оварда буд. Ин мавзӯъ баъдан аз ҷониби расонаҳои афғонӣ ва хориҷӣ муфассал баррасӣ гардид. Азбаски ин моҷаро вазъияти бе ин ҳам бади Афғонистонро муташанниҷтар кард, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маҷбур шуд, ки нақши миёнравиро ба уҳда гирифта, барои таъсиси Ҳукумати ваҳдати миллӣ мусоидат намояд.
Дар натиҷаи дахолати Амрико Абдулло Абдулло ҳозир шуд, ки бо гирифтани вазифаи сарвазирӣ қаноат кунад. Ин гузашт як теъдод чеҳраҳои шинохтаи даризабони кишварро на танҳо аз доктор Абдулло норозӣ кард, балки онҳоро дар муқобил қарор дод, зеро Ашраф Ғанӣ, ки интихоботро бохта буд, раиси ҷумҳур эълон гардид.
Бурди асосии Ашраф Ғанӣ ин буд, ки ӯ мисли ҳамқавми дигари худ–Ҳомид Карзай як сиёсатмадори пойбанд ба Вашингтон буду монд. Номбурда дар Бонки ҷаҳонӣ низ фаъолият карда, замони хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Русия дар ибтидои солҳои 90-ум ба ҳайси намояндаи ин институти молиявӣ кор кардааст.
Доктор Абдулло Абдулло маълумоти олии тиббӣ дошта, дар миёнаҳои солҳои 80-уми асри гузашта ба муҷоҳиддини Аҳмадшоҳи Масъуд мепайвандад. Падари ӯ аз паштуҳои Қандаҳор ва модараш аз тоҷикони дараи Пашҷшер аст. Доктор Абдулло дар яке аз қарияҳои ҳамин дара таваллуд шудааст. Забони англисиро хеле хуб балад аст.
ӯ дар замони муқовимат алайҳи толибон, баъди марги фоҷиабори Абдураҳим Ғафурзай ба вазифаи вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ таъин шуд. Дар ин солҳо ҳукумати Раббонӣ бо Русия ҳамкорӣ мекард ва табиист, ки доктор Абдулло низ бо Кремл равобити хуб барқарор карда буд.
То чанд соли охир доктор Абдулло тоҷик муаррифӣ мешуд, аммо ҳолдонҳо мегӯянд, ки ҳоло дар шиносномаи ӯ миллаташ пашту зикр гардидааст.
Дар интихоботи мазкур ҳамчунин роҳбари Ҳизби «Кунгураи миллии Афғонистон» Латифи Пидром, яке аз фаъолони собиқ Ҳизби халқӣ- демократии Афғонистон Муҳаммад Ҳаким Турсун, собиқ вазири корҳои хориҷии Афғонистон Залмай Расул, собиқ вазири корҳои дохилии Афғонистон Нурулҳақ Улумӣ, собиқ мушовири президенти Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар, раҳбари «Бунёди Масъуд» Аҳмад Валӣ Масъуд, бародари Аҳмадшоҳи Масъуд, раиси Ҳизби наҳзати исломи Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр ва собиқ раиси Раёсати амнияти миллии Афғонистон Раҳматулло Набил низ иштирок мекунанд.

Курсии президентӣ: дариҳо ва паштуҳо

Чунонки аз рӯйхати мазкур бармеояд, аксарияти номзадҳо дарӣ ва ё паштун мебошанд. Аз ҷониби дигар, дар ин интихобот ҳамчунин намояндагони аҳзобе, ки дар гузашта пушти сангарҳо қарор гирифта буданд, ширкат мекунанд.
Аммо дар ин миён ҷеҳраи аз ҳама ҷанҷолбарангез Гулбиддин Ҳикматёр аст, ки замони таҷовузи Артиши шӯравӣ ба Афғонистон ба муқобили Ҳизби демократии Афғонистон меҷангид. Баъди хурӯҷи шӯравӣ барои тоҷу тахт ӯ набардҳои хунинро ба роҳ монда, пойтахти Афғонистонро ба ҳаммоми пур аз хун мубаддал сохт ва номаш дар таърих ҳамчун “қассоби Кобул” сабт шуд.
Азбаски Ҳикматёр натавонист Афғонистонро ба тасарруфи худ дарорад, Покистон, ки Ҳикматёр мӯҳраи аслиаш буд, бо ёрии Амрико, Британия ва Арабистони Саудӣ толибонро ба арсаи сиёсат баровард.
Толибон дар як муддати кӯтоҳ тамоми вилоёти таҳти тасарруфи Ҳикматёрро ба ишғоли худ дароварданд. Раббонӣ тибқи зарбулмасали “душмани ман дӯсти ман аст” рафтор карда, Ҳикматёрро сарвазир таъин кард, аммо Гулбиддин аз ин вазифа ба зудӣ даст кашид, зеро дар он замон аз дасти “қассоби Кобул” амалан ягон коре намеомад.
Баъди тасарруфи пойтахти Афғонистон аз ҷониби ҳаракати Толибон дар охири моҳи сентябри соли 1996 ӯ ба Эрон фирор кард.
ӯ ҳукумати дастнишондаи Амрикоро, ки дар раъси он Ҳомид Карзай қарор дошт, эътироф накард ва расман эълон намуд, ки ҷиҳодро идома медиҳад.
Азбаски Ҳикматиёр бо гурӯҳҳои терористӣ ҳамкорӣ дошт, соли 2003 СММ ва Амрико ӯро дар қатори Ҳаракати Толибон ва Ал-Қоида ба рӯйхати сиёҳ шомил карданд, аммо соли 2016 Ҳукумати Афғонистон бо Гулбиддин Ҳикматиёр созиш намуд.
Дар моҳи феврали соли 2017 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид номи Гулбиддин Ҳикматёрро аз “феҳристи сиёҳ” берун кард ва роҳи бозгашти ӯро ба Афғонистон ҳамвор намуда буд ва ҳукумати Афғонистон моҳи сентябри соли гузашта бо Гулбиддин Ҳикматёр созишномаи сулҳро имзо кард ва ӯ ба Кобул ворид шуд.
Агар Ҳикматёрро миллатҳои ғайрипаштун қабул надошта бошанд, пас амрикоиҳо ва паштунҳо яке аз чеҳраҳои маъруфи Афғонистон, раиси Ҳизби Кунгураи миллӣ Абдулатифи Пидромро қабул надоранд.
Пас аз таъсис ёфтани Ҳукумати муваққатии Карзай дар Бонн дар моҳи декабри соли 2001 Пидром расман эълон дошт, ки Афғонистон дигар бозичаи дасти Кохи сафед гардидааст. ӯ ҳамчунин бо сароҳат эълон дошт, ки хатти Дюрандро эътироф менамояд.
Ба ибораи дигар, Пидром аз чеҳраҳои саршиноси Афғонистон буд, ки Паштунистонро ҷузъи давлати Покистони имрӯза эътироф намуд ва гуфт, ки паштунҳо бояд дар фикри баргардондани сарзаминҳои аз дастрафта нашаванд ва марзҳои мавҷударо эътироф намоянд.
Тибқи мушоҳидаҳои мо, аксарияти интихоботҳои президентӣ ва парламентӣ дар Афғонистон аз замони ворид шудани Амрико ба ин кишвар ҷанҷолбарангез тамом шудаанд, аз ин рӯ, шояд интихоботи қарибулвуқӯъ низ истисно нашавад.
Иллат ин аст, ки интихоботи президентӣ дар давлате, ки дар чор самташ қариб 40 сол боз оташи ҷанг аланга мезанаду дар он нооромиву ноосудагӣ ҳукмфармост ва мардумаш ташнаи сулҳанд, воқеан кори осон нест.
Бинобар ин, ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, ки аллакай бархе соҳибназарон доктор Абдуллоро дар нақзи қонуни интихобот муттаҳам намуд, эълон доштаанд, ки тибқи моддаи 44 қонуни мазкур Афғонистон ӯ дар вайрон кардани қонуни интихобот гунаҳгор аст. Мувофиқи банди 44 «Қонун дар бораи интихобот»-и Афғонистон ҳангоми довталаб шудан ба вазифаи президентӣ дилхоҳ мансабдор бояд аз вазифае, ки иҷро мекунад, истеъфо диҳад, дар акси ҳол ӯ ҳуқуқи ширкат дар интихоботи президентиро надорад».
Ҳоло номзадҳо амалан маъракаи пешазинтихоботиро худро шурӯъ карда, дар назди интихобкунандагон бо барномаҳои худ баромад карда, ният доранд таваҷҷуҳи ҳарчӣ бештари овоздиҳандагонро ба худ ҷалб кунанд.

Ашраф Ғанӣ аз нав президент интихоб мешавад?

Дар тӯли солҳои охир амрикоиҳо ва миллатгароҳои паштун, кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд, ки таъсиру нуфузи даризабонҳоро, ки мардуми аслии ин сарзамин ҳастанд, камрангтар созанд, ба ин хотир бозиҳои зиёдеро ба роҳ андохта, аз як ҷониб ихтилофҳоро миёни чеҳраҳои саршиноси даризабон афзуданд, аз ҷониби дигар, кӯшиш карданд, ки аз нуфузи эътибори сиёсатмадорони ғайрипаштун, ки муттаҳиди даризабонон ҳисоб меёфтанд, истифода намоянд.
Ба ин хотир, вазифаи муовини якуми раиси ҷумҳур ҳамчун дом истифода мегардид. Як замоне ин вазифаро ба Фаҳими даризабон ва баъдан ба Дӯстуми ӯзбек ва Халили ҳазора арзонӣ дошта буданд. Аммо ҳоло Ашраф Ғанӣ ба ҳайси номзади якуми раиси ҷумҳур дар интихоботи моҳи сентябри соли равон Амрулло Солеҳро пешбарӣ кунад. Номбурда дар ин иртибот дар «Twitter” –и худ чунин навиштааст:
«Бароям хеле хушоянд ва шараф аст, ки бо Амрулло Солеҳ ва Сарвар Дониш дар интихоби президентӣ, иштирок мекунам. Зеро мо ҳар се ҳамкор будем ва мароми мо бино намудани давлати абарқудрати солим ва тавоно дар Афғонистон аст…».
Амрулло Солеҳ, ки вазифаи вазири корҳои дохилии Афғонистонро ба уҳда дошт, ба зуди истеъфо дод.
Бояд гуфт, ки замони муқовимат алайҳи толибон Амрулло Солеҳи ҷавон дар сафорати Афғонистон дар Душанбе кор мекард ва баъди пирӯзии Ҷабҳаи Шимол дар соли 2002 ба ватани худ баргашт. ӯ аз ҳамдеҳагони доктор Абдулло буда, падару модараш даризабонанд.
Чунон ки қаблан гуфтем, Ашраф Ғанӣ як мӯҳраи амрикоӣ дар сиёсати Афғонистон аст, аммо ҳоло қотеъона гуфта намешавад, ки дар интихоботи дар пешистода ӯро Кохи сафед ҷонибдорӣ мекунад. Ашраф Ғанӣ натавонист дар тӯли солҳои роҳбарияш худро ҳамчун сарвари тавоно, сиёсатмадори заковатманд ва ояндабин нишон диҳад, балки дар ин сарзамин ҷараёни хушунат, муноқишаҳои қавмӣ ва як дараҷа номураттабӣ қариб, ки дар ҳама соҳаҳои давлатдорияш ба назар расид. Бисёриҳо дар андешаи онанд, ки агар ӯ дар даври дуюми интихоботи президентӣ ба сари ҳукумат ояд, вазъ дар Афғонистон аз ин ҳам харобтар мегардад. Ба мазмуни дигар, президенти кунунии Афғонистон натавонист дар солҳои гузашта, ваъдаҳои ба мардум додаи худро дар амал татбиқ кунад, аз ин рӯ, ӯ ҳоло тақрибан боварии 20-25 дар сади ҷонибдоронашро аз даст додааст.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки номзадии Ашраф Ғаниро рақиби Доналд Трамп, собиқ президенти Амрико Барак Обама ҳимоя мекард. Баръакс, доктор Абдулло аз Барак Обама, ки пирӯзиро дар интихоботи президентии Афғонистон кашида гирифта, ба Ашраф Ғанӣ туҳфа карда буд, ҷабрдида ҳисоб мешавад.
Ба ҳар сурат, дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи генералии СММ соли гузашта Ашраф Ғанӣ сафар накард. Ба ҷои ӯ Афғонистонро доктор Абдулло намояндагӣ кард ва ӯ дар саҳифаи «Twitter”-аш акси худро ҳамроҳи Трамп ва хонуми ӯ ба намоиш гузошт.
Табиист, ки аз ҳар камбудии Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдулло рақибони эшон низ самаранок истифода бурда, дар маъракаи пешазнтихоботӣ онҳоро шадидан танқид мекунанд. Масалан, Гулбиддин Ҳикматёр дар яке аз суханрониҳояш зикр кардааст, ки ҳукумати имрӯзаи Афғонистон сабабгори асосии идомаи ҷанг будааст ва агар он иваз нашавад, зиндагии мардум дар оянда низ зери хатар хоҳад монд, аз ин рӯ, бояд ба тариқи осоишта дигар карда шавад.

Муносибати Русия ва Амрико дар масъалаи Афғонистон

Мамлакатаҳои Ғарб андеша доранд, ки Русия яке аз иттифоқчиёни қавӣ бо ҳаракати Толибон аст. То ин вақт онҳо истинод мекарданд ба изҳоротҳои собиқ сафири Русия дар Афғонистон Замир Кобулов ва ҳамчунин ба маълумоте, ки аз тариқи созмонҳои истихбории худ дарёфт мекунанд.
Аммо моҳи сентябри соли гузашта Кремл расман эълон дошт, ки бо иштироки чор нафар қумандонҳои саҳроии ҳаракати Толибон ва роҳбари идораи «Толибон» дар Қатар Шермуҳаммад Аббос вохӯрӣ баргузор мегардад.
Дар ин вохӯрӣ намояндагони Ҳиндустон, Эрон, Чин, Покистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА мебоист иштирок мекарданд. Аммо ин вохӯрӣ бо хоҳиши президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар миёнаҳои август мавқуф гузошта шуд.
Сабаби инро Ашраф Ғанӣ дар иваз шудани роҳбарияти сохторҳои қудратии Афғонистон маънидод кард. Вале мақсади асосии Ашраф Ғанӣ ин буд, ки дар ин вохӯрӣ мақомоти расмии Кобул нияти иштирок карданро надошт.
Аммо агар Амрико бо раҳбарияти ҳаракати Толибон дар масъалаи сулҳу субот дар ин кишвар мувофиқа карда натавонад, маҷбур мешавад аз ҳимояи номзадии Ашраф Ғанӣ даст кашида, рақиби ӯ доктор Абдулло Абдуллоро ба сари қудрат орад.Номбурда дар тӯли солҳои гузашта амалан худро ҳамчун шахси кордон ва ходими хуби давлатӣ муаррифӣ кард. Амрико ҳам ӯро яке аз тарафдорони вафодори худ меҳисобад.
Коршиносон мегӯянд, ки доктор Абдулло метавонад дар атрофи худ гурӯҳи калони ҷонибдоронро дар байни интихобкунандагони паштун ва даризабонҳо ёбад, зеро падараш паштун ва модараш даризабон аст.
Гурӯҳе аз даризабонҳои мухолифи ҳукумати кунунӣ иброз доштаанд, ки агар итминон пайдо кунанд, ки доктор Абдулло овози зиёд мегирад, аз мавқеи зиддиҳукуматии худ даст кашида, ба тарафдории ӯ овоз медиҳанд. Аммо дар ин маврид андешаи мо он аст, ки чанд вақт пештар расонаҳои хабарии Афғонистон иттилоъ доданд, ки дар давоми чор соли давлатдории президенти имрӯзаи Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раиси ҳукумати иҷроия (сарвазир) Абдулло Абдулло, аз неруҳои ҳарбии Афғонистон зиёда аз 45 ҳазор сарбоз ҳалок гаштаанд ва аз мардуми маҳаллӣ бошад, 7 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Баъди ифшои ин далел норизогии халқи Афғонистон нисбат ба Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло хеле зиёд шудааст ва ба гумон аст, ки онҳо дар ин маъракаи интихоботӣ ба қуллаи мақсуд бирасанд. Боз кӣ медонад?...
Дар охир мавриди зикр аст, ки фиристодаи хоси Амрико дар музокироти Қатар, ки шаш рӯз тул кашид, Залмай Халилзод, ҷузъиёти гуфтугӯҳояшро бо Толибон дар бораи созиши эҳтимолии оташбас гуфтааст, ки «Толибон хостори хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонанд , аммо то ҳанӯз ба тавофуқе нарасидаанд». Ба гуфтаи Залмай Халилзод, «тарафҳо чанд иддао доранд, ки бояд ҳал шаванд ва то замоне, ки “дар ҳама чиз ба мувофиқа нарасанд, ҳеҷ созише нахоҳад шуд».
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, «ҳарчанд дар музокироти Қатар мо бо чанд натоиҷи мусбӣ расида бошем ҳам, аммо сари созиши оташбас ба натиҷае нарасидем”. Дар баёнияи сухангӯи толибон омадааст, ки тарафҳо гуфтугӯро дар паи масоили ҳал нашуда, оянда идома хоҳанд дод.
Хабаргузории “Рейтер” навиштааст, ки мувофиқи нишондоди Вазорати умури хориҷии Қатар музокироти оянда байни Толибон ва Амрико рӯзи 25-уми феврал баргузор мегардад. Аз ин бар меояд, ки масъалаи сулҳ дар Афғонистон як андоза имконнопазир аст ва он ҳама таҳрикоту падидаҳои номатлубе, ки имрӯз фарогирии ҷомеаи кунунии ин давлатанд, ифодагарӣ нооромиву ноосудагии кишвар шудаанд.


Тағоймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: