Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Намоишгоҳи “Expo” майдони муаррифии дастовардҳо

Намоишгоҳи “Expo” майдони муаррифии дастовардҳо

23-07-2019, 10:33
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
Аз гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO-2019 BEIJING», ки 29 апрели соли равон оғоз ёфт, то имрӯз беш аз 1 миллион нафар боздид намудаанд»,- гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ногуфта намонад, ки гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2019» таҳти шиори «Боғдорӣ дар руши деҳот» фаъолият дошта, ба ҳайси яке аз сербинандатарин гӯшаҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ асосан шаҳрвандони Чин ва кишварҳои хориҷӣ, сайёҳон, ҳамзамон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- донишҷӯён, нафароне, ки дар сафари хидматӣ дар Чин қарор доранд, боздид намуда, бо таърих, фарҳанги миллии тоҷикон, иқтидори захираҳои бои обию энергетикӣ, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди санъати боғдорӣ дар Тоҷикистон шинос мегарданд.
Ҷамшед Ҷумъахонзода зикр кард, ки алҳол Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои марбутаи мамлакат барои дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи миллии Тоҷикистон, ки охири моҳи август дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ «EXPO 2019 Beijing» доир мегардад, омодадгииҷиддӣ мебинад. Ҳамчунин муаррифии фарҳанги миллии мо дар Рӯзи миллии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Баргузории намоишгоҳи байналмилалии «EXPO» майони фароху бузурге барои муаррифии дастовардҳоиҳар як давлат аст, ки ба баланд боло рафтани нуфузи онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад ва Тоҷикистон низ аз зумраи чунин давлатҳост,- таъкид кард, раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: