Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аввалин Намоишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор мегардад

Аввалин Намоишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор мегардад

13-07-2017, 08:36
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
Аввалин Намоишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор мегардад
АМИТ «Ховар». Даҳаи аввали моҳи июни соли равон дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон роҳбарони 20 кишвари олам, намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон дар расми тантанавии ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи ЭКСПО – 2017 дар Остона иштирок намуда, бо технологияи наву муосир ва дигар дастовардҳо, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, шинос шуданд.

Дар Намоишгоҳ дар қатори гӯшаҳои (павилионҳои) зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон, 20 ташкилоти байналхалқӣ ва 50 ширкати номдори ҷаҳонӣ иқтидори гидроэнергетикӣ, захираҳои обӣ, истифодабарии васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дурнамои рушди энергияи офтобӣ, дастовардҳои нави илм дар соҳаи рушди «энергияи сабз», мавзеъҳои сайёҳӣ ва осори таърихӣ-фарҳангии миллати тоҷик, инчунин тамоми имкониятҳо барои ҷалби бештари сармоягузорӣ дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шудаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссари Генералии павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, мавсуф инчунин гуфт: «Бо мақсади тарғиби бештари фарҳанг, анъана, иқтидори гидроэнергетикӣ ва фазои сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон дар чорчӯбаи Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи ЭКСПО – 2017 ва дар ҷараёни кушодашавии расмии гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июни соли равон Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар раванди баргузории Рӯзи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ, бардоштани Парчами давлатии Тоҷикистон, садо додани Суруди миллии Тоҷикистон, баргузор намудани номоишҳои фарҳангӣ, мулоқот бо намояндагони ВАО ва доираи соҳибкорон, баргузории форум ва шабнишнии фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда буданд, ки бомуваффақият ба анҷом расонида шуданд».

Ҳайати Ҳукумати Швейтсария таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Дидйе Буркхалтер зимни боздид аз гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳ чунин ибрози андеша карда буд: «Тоҷикистониҳо тавонистанд дар ЭКСПО-2017 тамоми ҷаззобияти кишвари зебои кӯҳиро нишон диҳанд. Швейтсария ва Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат, аз ҷумла аз ҷиҳати табиати нотакрори кӯҳӣ, дарёҳои пурмавҷ, кӯлҳо, манбаъҳои обҳои шифобахш ва олами набототу ҳайвонот ба ҳам монанд мебошанд».

Зикр гардид, ки моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Тошканд – пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аввалин Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва дар ин раванд кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки дастовардҳои гуногуни хоҷагии халқ ба намоиш гузошта шаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: