Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин «Экспо 2019»

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин «Экспо 2019»

29-04-2019, 08:27
Хабарро хонданд: 334 нафар
Назарҳо: 0
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин «Экспо 2019» Нимаи дуюми рӯзи 28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин «Экспо 2019»-ро тамошо карданд.

«ЭКСПО-и ҷаҳонии боғдории Пекин-2019» таҳти унвони «Ҳаёти сабз-манзили зебо» 162 рӯз идома ёфта, интизор меравад, ки 16 млн нафар аз ин намоишгоҳ дидан намоянд. Дар ЭКСПО 110 сохтори намоишдиҳандаи байналмилалӣ ва 120 намоишдиҳандаи ғайрирасмӣ иштирок хоҳанд кард, ки дар таърихи баргузории ЭКСПО нишондоди рекордӣ аст.

Масоҳати макони баргузории ин маъракаи боғдорӣ 503 гектар буда, дар канори дарёи Гуйшуй дар масофаи 10 км аз Девори бузурги Чин ҷойгир аст. Аз ин хотир, ЭКСПО-и навбатиро «Намоиши боғдории зери Девори бузурги Чин» низ ном мебаранд. Майдони баргузории ЭКСПО аз толори Чин, толори байналмилалӣ, озмоишгоҳи ҳаётӣ, толори гулу гиёҳ ва маркази ҳунарнамоӣ иборат аст.

94 чатри бари ҳам қоматафрохта толори байналмилалии ЭКСПО-ро ташкил мекунанд.

Аз рӯи тарҳҳои пешниҳодшуда аз ҷониби кишварҳои хориҷ, маълум мешавад, ки дар ЭКСПО боғҳо бо фарҳанги боғдориву тарзи ҳаёти мардуми ин кишварҳо сохта мешаванд.

Барои тамошобинон дар ЭКСПО толори васеи тамошои фарҳанги боғдорӣ, тамошои гулу гиёҳҳои рангоранг пешбинӣ шуда, онҳо имкон доранд зиёда аз 1200 навъ гулу гиёҳ, дарахту растаниро бубинанд. Ҳамзамон сайёҳон имкон доранд, ки аз санъати меъмории кишварҳои гуногун дидан намуда, бо фарҳанги пурғановати мамлакатҳо ошно шаванд.

«ЭКСПО-и ҷаҳонии боғдории Пекин — 2019» саҳнаи ба ҳам омадани тамоми навовариҳои соҳаи боғдории ҷаҳон аст. Ҳарчанд тарҳи иморатҳо, намуди гулу гиёҳ аз ҳам фарқ мекунад, аммо ҳамаи ҷонибҳои иштирокчӣ мехоҳанд ҳаёти сабзи тахайюлоти худро муаррифӣ намуда, майлу хоҳиши худро дар робита ба ҳифзи табиат ва экология ифода намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: