Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд

8-07-2019, 13:16
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд
Дар Бишкек 7 июли соли ҷорӣ 15-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар кори он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини ширкат варзиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни нишаст таваҷҷуҳи хосса ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ки 17 июни соли 2019 қабул гардид, зоҳир карда шуд.

Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин идомаи ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупоро дар чаҳорчӯби Стратегияи нав ҷиҳати таҳкими зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ, нақлиётӣ, энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҳамдастӣ дар сабуксозии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори минтақа, мудирияти муассири сарҳадот ва рафъи чолишҳои амниятӣ таъкид намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ вазирон Баёнияи муштарак қабул намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: