
Маркази матбуотии Шӯрои Аврупо хабар медиҳад, ки раиси Шӯро Доналд Туск сафари Осиёи Марказиашро рӯзи 29 май аз Тоҷикистон шуруъ мекунад.
Сафари раиси Шӯрои Аврупо дар минтақа то 2-юми июн идома мекунад. Туск дар ҳоле ба кишварҳои Осиёи Марказӣ меояд, ки дипломатҳои Иттиҳоди Аврупо рӯзи 15-уми май дар Брюссел ёддошти муштараки ин ниҳодро дар бораи стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ қабул карданд. Ин қадами ниҳоӣ дар остонаи қабули стратегияи “ИА ва ОМ: Имкониятҳои нав ба хотири ҳамкориҳои қавӣ” аст, ки интизор меравад моҳи июни имсол аз тарафи вазирони умури хориҷии эътилоф тасвиб ва моҳи июл дар мулоқоти раҳбари сиёсати хориҷии ИА Федерика Могеринӣ дар Бишкек муаррифӣ шавад.
Стратегияи нав бо ҳадафи мусоидат ба минтақа дар муқобила бо ҳама гуна зарбаҳои (иқтисодии) дохиливу хориҷӣ, риояи қонун ва ҳуқуқи башар, фароҳам овардани фазои озоди кор барои сохторҳои маданӣ ва матбуоти мустақил амалӣ мешавад.