Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ24-05-2019, 13:09
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи табрикӣ фиристоданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Лутфан табрикоти самимии моро ба муносибати пирӯзии ҳизбатон дар интихоботи сартосарии парлумонии Ҳиндустон бипазиред. Тайи солҳои охир мо шоҳиди онем, ки Ҳиндустон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи расидан ба ҳадафи наҷибонаи дастёбӣ ба мақоми пешвоӣ дар соҳаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ собитқадамона пеш рафта, ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Ҳамзамон Ҳиндустон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хоссаро пайдо карда, имрӯзҳо дар ҳалли масъалаҳои умдаи глобалӣ иштироки фаъол дорад. Ҷониби Тоҷикистон умед ба он дорад, ки Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба ҳайси Сарвазири Ҳиндустон дар оянда низ саъю кӯшишҳои худро ҷиҳати рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвари ба ҳам дӯсти мо дареғ нахоҳед дошт. Бо ибрози омодагӣ ба идомаи раванди муколамаи созандаи ҷонибҳо дар ҳамаи сатҳҳо ба манзури таҳкими ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду давлат изҳори итминон менамоям, ки мо бо талошҳои муштарак ҳамёрии кишварҳоямонро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба зинаҳои боз ҳам баландтар хоҳем баровард. Аз фурсати нек истифода бурда, ба Шумо саломатии комилу саодат ва дар роҳи таъмини рифоҳу шукуфоии ҷомеаи Ҳиндустон комёбиҳои рӯзафзун орзумандам». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.