Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ дар Тоҷикистон ҷавонони ҷаҳонро ба ҳам овард

Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ дар Тоҷикистон ҷавонони ҷаҳонро ба ҳам овард

15-05-2019, 13:30
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ дар Тоҷикистон ҷавонони ҷаҳонро ба ҳам овард Шоми 14 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Амфитеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе нахустин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» баргузор гардид. Дар он намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, ҷавонони фаъол ва донишҷӯёни хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсили илм менамоянд, иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иштирокчиёни фестивалро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки ҳоло дар доираи моҳвораи ҷавонон дар сар то сари Тоҷикистон барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва илмиву маърифатӣ роҳандозӣ шудаанд. Имрӯз барои ҷавонон тамоми шароити мавҷуда фароҳам оварда шудааст. Зеро ҷавонон ояндасози давлату миллат маҳсуб ёфта, зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

«Дар Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» беҳтарин сарояндагону навозандагон ва ҳунармандони ҷавон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Чин, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Туркманистон, Федератсияи Россия ва Туркия иштирок дошта, ҳунару маҳорати худро нишон медиҳанд. Бояд гуфт, ки донишҷӯёни хориҷӣ дар баробари таҳсили илм инчунин саҳми худро дар муаррифии давлату миллат ва фарҳанг мегузоранд», — гуфт Аҳтам Абдуллозода.

Ба зикри иштирокчии Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ, намояндаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шуайб Устод ҳамоиши имрӯза иқдоми наҷиб буда, он барои мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

«Ман хушбахт аз он ҳастам, ки ҷое ки зиндагӣ ва таҳсил менамоям, давлати орому осуда аст ва аҳолияш низ хушбахтона умр ба сар мебаранд. Мо аз кишваре намояндагӣ мекунем, ки дар он ҷо ҷанг ҷараён дорад. Умедворам, ки рӯзе Афғонистон низ ба мисли Тоҷикистон амнияти худро ба даст меоварад ва мо низ чунин фестивалҳоро дар мамлакати худ роҳандозӣ намуда, дӯстони худро даъват менамоем»,- гуфт Шуайб Устод.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд, аз ҷониби Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш роҳандозӣ гардид. Ҳадаф аз баргузории он мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон, ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар ва тақвият додани ҳамкориву дастгирии ҷавонони олам мебошад.

Дар анҷоми фестивал иштирокчиёни фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: