Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Рустами Эмомалӣ президенти CAFA интихоб шуд

Рустами Эмомалӣ президенти CAFA интихоб шуд

25-04-2019, 11:10
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Рустами Эмомалӣ президенти CAFA интихоб шуд Дар Конгресси навбатии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки 24 апрел дар меҳмонхонаи “Hyatt Ragency Dushanbe” баргузор шуд, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамзамон президенти CAFA (Central Asian Football Association) интихоб гардид. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ноиби президенти Федератсияи футболи Қирғизистон Достонбек Конокбаев ноиби аввали президенти CAFA ва котиби генералии Федератсияи футболи Туркманистон Арслон Ойназаров ноиби президенти CAFA интихоб шуданд.
Қароргоҳи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аз Тошканд ба Душанбе гузаронида шуд.
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки соли 2014 таъсис ёфтааст, федератсияҳои футболи шаш кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Турманистон, Узбекистон ва Эронро муттаҳид мекунад.
И.Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: