Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» оғоз гардид

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» оғоз гардид

15-04-2019, 17:19
Хабарро хонданд: 491 нафар
Назарҳо: 0
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» оғоз гардидИмрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» бо шукӯҳу шаҳомат оғоз гардид.

Pимни ифтитоҳи Фестивал-озмун муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён аҳли санъату театрро бо ифтитоҳи он табрик намуда, иброз дошт, ки театр дар таърихи беш аз се ҳазорсолаи худ дар тамаддуни башар иникосгари вазъи иҷтимоии ҷомеа ва рӯҳу маънавиёти мардум эътироф гаштааст.

Зикр гардид, ки имсол фестивали мазкур ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

«Маҳмудҷон Воҳидов ситораи тобони санъати касбии тоҷик буда, дар тӯли умри кӯтоҳ бо ҳунару истеъдоди худ дар дилу дидаи ҳаводорони ин ҳунари воло абадан нақш баст. Нақшҳои офаридаи ӯ дар намоишҳои «Қисмати шоир», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Ромео ва Ҷулйетта», «Муфаттиш», филмҳои ҳунарии «Зумрад», «Ҳасани аробакаш», «Достони Рустам ва Суҳроб», моноспектаклҳои «Гуфтугӯ бо худ» ва ғайраҳо шоҳкориҳои санъати асил буда, ба хазинаи тиллоии фарҳанги миллӣ дохил шудаанд», -афзуд Обид Назариён.

Мавриди зикр аст, ки дар фестивали мазкур 18 театри касбии кишвар намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, ба маърази тамошобинон ва ҳакамони озмун мегузоранд.

Инчунин дар доираи фестивал баргузории ду суҳбати «мизи мудаввар» – яке дар мавзӯи «Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» ва дигаре- «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон» дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки Фестивал-озмуни «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: