Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат

Тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат

22-01-2016, 12:02
Хабарро хонданд: 402 нафар
Назарҳо: 0
Тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат
Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи иҷроияи ҲХДТ, дар ҳамбастагӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия нақшаи кории таҳия намуда, мутобиқи он вохӯриву мулоқотҳо гузаронида истодааст.

Субҳи имрӯз дар заминаи ташкилоти ибтидоии минтақаи Унҷӣ вохӯрӣ бо фаъолони ҳизб, занони барӯманд, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” гузаронида шуд. Дар мулоқот раиси ташкилоти ибтидоии минтақаи Унҷӣ Маҷидов А, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия Ф.Ҳоҷиев, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД Бобоева Д. ширкат варзиданд. Чорабинии мазкурро раиси ташкилоти ибтидоии минтақаи Унҷӣ Маҷидов А. ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро бо мақсаду мароми вохӯри шинос намуд. Сипас, муовини раиси ташкилоти ибтидоии минтақа Осимова Д. дар бораи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода гузашт. Инчунин, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б.Ғафуров Ф.Ҳоҷиев ба сухан баромада, бобати мазмуну мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хосатан вобаста ба дастгирии ҷавонон васеъ истода гузашт. Мавсуф қайд кард, ки мо ҷавонон даврони соҳибистиқлол хело хушнуд аз он ҳастем, ки дар чунин шароити тинҷиву осудагӣ кор ва фаъолият менамоем. Ҳамаи ин маҳз бо талошу ҷонканиҳои Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар ҳама баромадҳои хеш, мо ҷавононро ояндаи миллат меноманд, дар Паёми имсола низ таъкид карданд, ки бо мо ҷавонон ифтихор мекунанд ва мо низ бояд ба ин сазовор бошем. Мо ки дар арафаи ҷашни 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлати қарор дорем, бояд тамоми нерӯву тавоноии хешро барои дар сатҳи баландӣ ташкиливу сиёсӣ гузаронидани ин санаи таърихи кӯшиш ба харҷ диҳем. Мудири бахши кор бо занон ва оила МИҲД Бобоева Д. баромад намуда, дар бораи ғамхориҳои Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занон васеъ истода гузашт. Ӯ гуфт, ки маҳз бо пешниҳоди Президент кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли 2015 соли Оила эълон гашт, ки дар ин самт мо ба бисёр пешравиҳо дар ин самт ноил гаштем. Дар охир аз имомхатиби масҷид Атаев А, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” Каримов Д, омӯзгори Гимназияи №2 Ғафурова Э. ба музокира баромада, пуштибонии хешро аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: