Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » "ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН!"

"ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН!"

11-04-2019, 16:46
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
"ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН!"
Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»- и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёне, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсили илм доранд, таҳти унвони «Тоҷикистон- Ватани азизи ман!» озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин эълон менамояд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Каримҷон Салимзода хабар дод.

Озмуни мазкур дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда, мақсади он муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, дастоварду музаффариятҳо ва талқини худшиносиву худогоҳии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта мебошад.

Бино ба иттилои манбаъ, мақолаҳои дар озмун пешниҳодшуда бояд фарогири дастоварду пешравиҳои соҳаҳои гуногуни замони соҳибистиқлолии кишвар, тасвири манзараҳои дилрабои Тоҷикистон, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои ватандорӣ ва ифтихор аз обу хоки Тоҷикистон бошанд.

Қабули мақолаҳо то 15 июли соли 2019 муайян шудааст. Мақолаҳои пешниҳоднамудаи довталабон набояд аз 4 саҳифа камтар бошанд.

Ғолибони озмун дар доираи баргузории Анҷумани маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта», ки ҳамасола 12 август доир мегардад, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: