Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мубориза бо коррупсия қарзи шаҳрвандии мост

Мубориза бо коррупсия қарзи шаҳрвандии мост

7-10-2015, 12:15
Хабарро хонданд: 429 нафар
Назарҳо: 0
Мубориза бо коррупсия қарзи шаҳрвандии мостДар шаҳри Қайроққум гузаронидани аксияи «Мубориза бо коррупсия – қарзи фарзандии мост» давом дорад. Санаи 7-уми октябр дар ташкилоти ибтидоии «Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум» маҷлиси ҳизбиён баргузор гардид. Дар он баҳри иҷроиши фармоиши раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд С.Юнусов аз санаи 17.09.2015 таҳти рақами 56 дар бораи гузаронидани аксияи вилоятии «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» раиси ташкилоти ибтидоии нерӯгоҳ Баҳриддинов Аброр Шаҳобиддинович баромад намуд. Мавсуф дар бораи он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» амал мекунад ва инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 таҳти №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардидааст. Қайд гардид, ки мақсаду мароми Стратегияи мазкур решакан намудани амалҳои коррупсионӣ, пешгирии ҳолатҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар ҷомеа мебошад, чунки, коррупсия пешрафти давлат ва амнияти онро халалдор месозад. Таъкид карда шуд, ки пешгирии амалҳои коррупсионӣ натанҳо вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, балки вазифаи тамоми шаҳрвандони мамлакат аст, барои ин бояд мо ҳизбиён дар байни коллективӣ меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, маърифати ҳуқуқии онҳоро баланд бардорем. Дар мачлис Авезов Ф. X, Мамадҷонов С. И, Сотиболдиев О. А, Конденко В. баромад карданд. Худи ҳамин рӯз дар ташкилоти ибтидоии шаҳраки Консой низ маҷлиси ҳизбӣ гузаронида шуда, раиси он Халилова Мунира оиди масъалаи мазкур баромад намуд. Дар маҷлис кормандони ҷамоати шаҳрак, табибон ва омӯзгорони шаҳрак иборат аз 75 нафар иштирок намуданд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: