Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон донишҷӯёнро бо таърихи бонкдории тоҷикон шинос намуд

Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон донишҷӯёнро бо таърихи бонкдории тоҷикон шинос намуд

5-04-2019, 11:53
Хабарро хонданд: 504 нафар
Назарҳо: 0
Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон донишҷӯёнро бо таърихи бонкдории тоҷикон шинос намудБонки миллии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва толибилмони синфҳои болоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №148 ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати шиносоӣ бо Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон машғулияти омӯзишии молиявӣ баргузор намуд.

Мувофики иттилоъи АМИТ «Ховар» машғулияти мазкур дар доираи «Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ» (Global Money Week) дар ҳамкорӣ бо намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва ҶСП «Ҳумо» гузаронида шуд.

Дар машғулиятҳои инфиродӣ ба донишҷӯёну толибилмон оид ба нигораҳои Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихи пайдоиши пули миллӣ, хусусият ва арзиши миллӣ будани он маълумоти мухтасар дода шуд. Донишҷӯёну толибилмон дар радифи тамошои нигораҳои таърихӣ, аз ҷумла бо сикка ва дирҳамҳои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ шинос шуда, бо шавқи хосса ва таваҷҷуҳи зиёд ба нақлҳои масъули Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихшинос Салмон Ҷамолов гӯш доданд.

Дар ҷамъбасти машғулият хонандагон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, ба онҳо китобчаҳо оид ба таърихи пули миллӣ ва нигораҳои Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки барои ғанӣ гардонидани дониши молиявии донишҷӯён мусоидат менамоянд, тақдим гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: