Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ

САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ

4-01-2018, 09:30
Хабарро хонданд: 269 нафар
Назарҳо: 0
САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ
Бонки миллии Тоҷикистон, Корпоратсияи байналмилалии Гурўҳи Бонки ҷаҳонӣ ва муассисаҳои молиявии мамлакат фаъолияти худро дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ идома мебахшанд.
Дар толори меҳмонхонаи «Хаят реҷенсӣ »-и пойтахт бо баргузории як конференсияи бонуфуз натиҷаи фаъолияти се соли аввали ин муассисот дар татбиқи Барномаи баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ҷамъбаст гардид.
Татбиқи барномаи мазкур аз тарафи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон соли 2014 оғоз гардидааст.
«Яке аз самтҳои муҳимтарини дастгирии Ҳукумати Швейтсария дастгирии роҳандозии принсипҳои маблағгузории бомасъулият ва таъмини устувории бозори молиявӣ маҳсуб ёфта, тавсеаи ҳуқуқҳо ва имкониятҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар доираи дастрас шудани ин ҳадаф нақши асосиро мебозад. Мо бояд сатҳи саводнокии молиявии аҳолиро баланд бардорем, зеро истеъмолкунандаи маълумотнок молияи хонаводаро, бахусус дар вазъи буҳронӣ , беҳтар идора намуда, нисбати хариди мол қарори муносибтарин қабул менамояд. Саводнокии молиявӣ ба паст намудани сатҳи хавфи осебпазирӣ муоидат намуда, манфиати иқтисодии захираи мавҷудаи ҳар як шахсро барои оилаи худ ва ҳам барои низоми бонкӣ зиёд менамояд», - гуфт дар оғози конференсия ҷонишини роҳбари Дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон хонум Корин Деманж.
Алҳол 15 ташкилоти бонкии қарзӣ ҳамчун шарикони барнома дар сар то сари ҷумҳурӣ оид ба омўзиши саводнокии молиявӣ ба аҳолӣ фаъолияти густарда доранд. Онҳо барои машғулиятгузаронӣ бо модулҳои таълимӣ , наворҳои видеоӣ , асбоб барои гузаронидани муҳосибаи даромаду хароҷоти оила, маводҳои визуалӣ дар намуди комикс таъмин карда шудаанд. Ғайр аз ин, беш аз 1800 корманди ташкилотҳои молиявӣ аз курсҳои таълимии тренерӣ гузашта, имрўз дар байни аҳолӣ машғулият мегузаронанд. Ҷамъбасти сесолаи Барнома нишон дод, ки зиёда аз 15 ҳазор шаҳ рвандон, аз ҷумла 6,7 ҳазор зан, ба омўзиш фаро гирифта шудаанд. Тибқи натиҷагирии нимсолаи аввали соли 2017 ба зиёда аз 300 ҳ азор нафар ёрии машваратӣ расонида шудааст.
Натиҷаҳо далели иштироки фаъолонаи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди молиявии Тоҷикистон дар раванди баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ буда, ҳавасмандии шаҳрвандонро ҷиҳати азбар кардани донишҳо ва малакаҳои нави молиявӣ тасдиқ мекунанд.
Бонки миллии Тоҷ икистон аз шарикони асосии Барнома буда, дар паҳн намудани маводҳои саводнокии молиявӣ миёни аҳолӣ иштироки фаъолона дорад. Бонки мазкур аз ташаббускорони дохил кардани барномаи баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ ба Стратегияи миллии музди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 буда, пайваста ба баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ва паҳншавии хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат менамояд. Илова бар ин, Бонки миллии Тоҷ икистон ташаббусҳо нисбати болобарии сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба низоми пардохтҳ ои ғайринақдӣ , аз ҷумла хизматрасониҳои молиявии электронӣ ва рақамӣ (ХМЭР)-ро дастгирӣ менамояд.
-Мо маводҳоро бо иштироки ташкилотҳои қарздиҳии амалкунанда бо назардошти ҷанбаи фарҳанги маҳаллӣ таҳия намудем, ки самтҳои муҳимтарини истифодаи босаводона ва болаёқатонаи маҳсулот ва хизматрасониҳои молиявиро аз тарафи аҳолӣ фаро мегиранд, - мегўяд Заррина Одинаева, роҳбари Барномаи инфрасохтори молиявӣ ва рушди пардохтҳои ғайринақдии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ . – Масалан, тадқиқоти такрории сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ , ки дар доираи натиҷаҳ ои татбиқи барнома гузаронида шуда буд, нишон дод, ки шумораи шаҳрвандон , ки соҳиби пасандоз шудаанд, дар соли 2017 нисбат ба соли 2013 шаш фоиз афзудааст ва қариб 4 фоизи пурсидашудагон изҳор намудаанд, ки буҷети банақшагирифтаро риоя карда метавонанд. Маҳз Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявӣ барои ноил шудан ба чунин натиҷаҳои мусбат мусоидат намудааст. Дар ин дастовард саҳми ташкилотҳои иштирокчии барнома, Бонки миллии Тоҷикистон, «Амонатбонк», «Бонки Эсхата», «Ориёнбонк», «Аксесбонки Тоҷ икистон», «Финкаи Тоҷикистон», «Спитаменнбонк» , «Арванд», «Якумин бонки хурди молиявӣ » ва ғайра назаррас аст.
- Дар асоси кўшишҳои муштарак мақсад дорем, ки фаъолиятамонро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ то соли 2020 идома диҳам, - илова намуд Заррина Одинаева.
Н. Худойбахшов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: