Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Раиси Бонки миллии Тоҷикистон овозаҳоро дар мавриди дар бонкҳои ҷумҳурӣ кам будани асъори хориҷӣ беасос хонд

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон овозаҳоро дар мавриди дар бонкҳои ҷумҳурӣ кам будани асъори хориҷӣ беасос хонд

26-07-2018, 07:11
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон овозаҳоро дар мавриди дар бонкҳои ҷумҳурӣ кам будани асъори хориҷӣ беасос хонд
Дирӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода иброз дошт, ки дар шаш моҳи аввали соли 2018 Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пайгирона ва самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри таъмини рушди муътадили ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи зарурии нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.

Ба гуфтаи мавсуф, дар шаш моҳи аввали соли равон вобаста ба вайрон кардани қонунгузорӣ нисбат ба асъор аз ҷониби Прокуратураи ҷумҳурӣ 183 парванда дарёфт карда шуд. Аз ин шумора 68 адад парвандаҳои ҷиноятие мебошанд, ки сабаби аслии оғози онҳо иваз ва ё фурӯши хона, мошинҳо ва дигар амалиёт бо асъори хориҷӣ, ки қонунгузорӣ манъ намудааст, ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин нисбат ба 4 нафар корманди бонк ва баъзе бонкҳои мамлакат парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Овозаҳоро дар мавриди дар бонкҳои ҷумҳурӣ кам будани асъори хориҷӣ ва талаботи мардумро қонеъ нагардонидани он раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода беасос дониста, иброз дошт, ки ҳамарӯза ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон барои қонеъ намудани талаботи мардум 12- 13 миллион долларро ба мубодила мебароранд.

«Имсол 14 бонк фаъолияти нимсолаашонро бо даромад ҷамъбаст намуда, ҳамаи меъёрҳоро иҷро намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз солимгардонии бонкҳо ба вуҷуд омада истодааст»,-гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: